Литсейи Оғохони ш. Хоруғ

ДУРНАМО, ҲАДАФ ВА ФАЛСАФА
Ҳадафи Маркази таълимоти барвақти Хадамоти Оғохон ин пешниҳод намудани таълими васеъ ва ҳамаҷонибаи барвақтии кӯдакон дар асоси таълимоти дунявӣ ва ғайримазҳабӣ мебошад, ки он бо стандартҳои камолот дар сатҳи байналмилалӣ эътироф шудааст.

> МАЪЛУМОТИ БЕШТАР ИН ҶО

Қабули хонандагон

Маълумот дар бораи қабули хонандагон

Дурнамо
Бунёди як мактаби намунавии ИТМР (Илм, Технологияи информатсионӣ, Муҳандисӣ ва Риёзӣ) дар сатҳи милли эътирофшуда, ки барои таъмини рақобатпазирии хонандагон дар ҳамаи сатҳҳо ва омодасозии онҳо барои саҳмгузорӣ дар ҳайёти ҷомеаҳои маҳаллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ.

Ҳадаф
Таъмин намудани имкониятҳои таълимии баландсифат, то ки донишҷӯён бо дониш, малака, муносибат ва арзишҳои мувофиқ муҷаҳҳаз гашта ба талаботи зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва иҷтимоию эҳсосии асри XXI ҷавобгӯ бошанд.

Литсейи Оғохон ҳар сол кӯдаконро ба синфи 0 (дар синни 6 солагӣ) қабул мекунад ва дар сурати доштани ҷойҳои холӣ ба синфҳои 1 – 10 низ қабул мекунад.

Хонандагон ба синфи 0 дар асоси мусоҳибаи шифоӣ, хаттӣ ва қобилиятҳои дигари кӯдак, ки ҳангоми ба мактаб дохил шудан талаб карда мешавад, гузаронида мешаванд, аз ҷумла:

  • дониши риёзӣ/ҳисоб.
  • дониш ва малакаи забон ва саводнокӣ (забони англисӣ, русӣ ва тоҷикӣ).
  • ҳисси масъулият дар назди дигарон.
  • ҳалли мушкилот ва эҷодкорӣ.
  • қобилияти таснифкунӣ, фаҳмидани намунаҳо, мавзӯъҳо, муқоисаҳо.

Барои қабул кардан ба синфҳои 1-10 тестҳои хаттӣ гузаронида мешаванд, ки ба малакаҳои ҳисобкунӣ ва саводнокӣ дар асоси меъёрҳои синфи қаблӣ, инчунин аз рӯи мусоҳибаи рӯ ба рӯ баҳо медиҳанд.

Маблағи пардохт барои таҳсил дар мактаб

Маблағи ҳармоҳаи мактаб барои як хонанда дар соли таҳсили 2021–2022 чунин аст:

  • Синфи 0: 594 сомонӣ
  • Синфҳои 1-9: 594 сомонӣ
  • Синфҳои 10-11: 627 сомонӣ

Кӯмаки молиявӣ

Оилаҳо вобаста ба шароити хонавода, шароти иқтисодӣ ё дигар шароитҳо, барои имтиёзҳо ё кӯмаки молиявӣ ҳақ доранд. Барои маълумоти иловагӣ, оилаҳо бояд ба директори мактаб тавассути дархости хаттӣ муроҷиат кунанд.

Ба ғайр аз ин, литсейи Оғохон ҳамасола 2 нафари хонандаи беҳтарин аз ҳар як ноҳияи ВМКБ барои таҳсил ба синфҳои 10 ва 11 қабул мекунад. Хонандагони интихобшуда имтиҳони хаттӣ мегузаранд ва хонандагони муваффақ ба дастгирии молиявӣ барои пардохти ҳаққи таҳсил ва кӯмакпулӣ барои хурду бош сазовор мегарданд.