Литсейи Оғохони ш. Хоруғ

"Хадамоти Оғохон оид ба маориф,оҷонсии хайриявӣ буда,дар такя ба таҷрибаи ғании хеши дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон андӯхта шуда, таълими васею ҳамаҷонибаи барвақти кӯдакро дар заминаҳои ғайридиниву дунявият бо стандартҳои дараҷаи олӣ пешниҳод мекунад. Ҳадаф аз доштани барномаи таълимии собитшуда ва аз ҷониби омӯзгорони босалоҳият таълим дода шаванда аст, ки барои гузоштани заминаҳои мустаҳками рушди таҳсилоти давомдори кӯдак мусоидат мекунанд."

Волоҳазрат Оғохон
Маркази Исмоилия, Дубай, 2003

Муқаддима

Литсейи Оғохон (литсей) дар шаҳри Хоруғ дар бинои собиқ мактаби №3 (ба номи Киров), мактаби дорои таърихи бонуфуз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), таъсис дода шудааст.

Литсейи Оғохон (литсей) дар шаҳри Хоруғ дар бинои собиқ мактаби №3 (ба номи Киров), мактаби дорои таърихи бонуфуз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), таъсис дода шудааст.

Қисми зиёди хонандагони литсейи Оғохон дар ш. Хоруғ зиндагӣ мекунанд, баъзеашон аз навоҳии дурдасти ВМКБ, Тоҷикистон ва шумораи ками хонандагони литсей аз кишварҳои хориҷ мебошанд.

Кормандони литсейи Оғохон ба монанди кормандони дигар мактабҳои Оғохон дар саросари ҷаҳон, ҷидду ҷаҳд дар муҳайё сохтани муҳити мусбат ва пурмаҳсул барои таҳсил менамоянд. Он ба беш аз 1200 талаба имкон медиҳад, ки талаботи таълимӣ, фаъолияти беруназсинфӣ ва ҳаёти ҷомеа мувозинат намоянд. Омӯзгорон хонандагонро дар рӯҳияи донишҷӯӣ ва тафаккури иҷтимоӣ доштанро тарбият менамоянд. Роҳбарияти литсей боварӣ дорад, ки барои хонандагон ҳам донишомӯзӣ ва ҳам инкишофи қобилиятҳо муҳим ва ҳатмист.

Литсейи Оғохон аз соли 2017 инҷониб барномаҳои гуногуни таълимиро, бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтор ва барномаи таълимӣ, инчунин фароҳам овардани муҳити бехатар ва мусоиди таълимӣ барои омӯзиш ва рушди хонандагон, роҳандозӣ намуда истодааст. Ҳамкорӣ бо Шӯрои маорифи Оғохон дар Британияи Кабир, ИМА ва Канада ва инчунин бо Шӯрои ҷавонон ва варзиши Оғохон дар Канада барои мубодилаи таҷрибаҳои гуногун имкон медиҳад ва ба ин васила барои муаллимони литсей имкониятҳоро барои рушди касбӣ фароҳам орад. Мисоли барномаҳо ба монанди муаррифӣ намудани фаъолиятҳои ИТММ (илмҳои табиӣ ва дақиқ, технологияи иттилоотӣ, муҳандисӣ ва риёзӣ. англ. STEM)-ро, Роботсозӣ (Robotics), Лабораторияи созанда (Maker's Lab) ва Рамзсозӣ (Coding Clubs), инчунин амалисозии барномаҳои омӯзишии тобистона ва зимистона (забони англисӣ ва риёзӣ) бо мақсади дучанд намудани имкониятҳои хонандагон барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олиро дар бар мегиранд.

Барои инкишоф додани малакаҳои пешсафӣ ва дигар малакаҳои муҳим барои ҳаёти хонандагон, дар доираи барномаи урдугоҳи тобистона дар баробари хонандагони литсей қариб 100 хонанда аз дигар муассисаҳои таълимии давлатӣ фаро гирифта мешаванд.

Як ҷанбаи муҳими фаъолияти литсей ин муҳайё намудани муҳити мусоид барои хонандагон мебошад. Бо мақсади ҷавобгӯ будан ба стандартҳои муассисаҳои таълимии асри XXI, литсейи Оғохон пурра таҷҳизонида ва таъмир карда шуд. Лабораторияҳои илмӣ (кабинетҳои фаннӣ) модернизатсия шуда, бо таҷҳизот лозима муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Ин ба кӯдакон имконият медиҳад, ки таҷрибаҳои гуногун гузаронанд ва аз омӯзишҳои амалӣ баҳра баранд.

Маркази инкишофи кӯдак (МИК)-и назди литсейи Оғохон фаъолияти худро соли 2018 оғоз кард ва ҳамасола барои беш аз 200 нафар кӯдакони синни аз се то шашсоларо дар раванди таълиму тарбия фаро мегирад. МИК ба рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон, тавассути фаро гирифтани онҳо дар муҳити фароғатӣ ва муносиб барои омӯзиши кӯдакон мусоидат менамояд.

Волидони хонандагони ҳам литсей ва ҳам МИК, дар гузаронидани чорабиниҳо ва фаъолиятҳои мактабӣ, такмил додани стандартҳои барномаи таълимӣ, инчунин хизматрасонӣ ва дастрасии захираҳо барои хонандагон таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мекунанд. Волидонро барои иштирок дар дарсҳои кӯдаконашон ва барои қисмат намудани фикру мулоҳизаҳояшон аз мушоҳидаҳо дар дарсҳо ҳосилшуда даъват менамоянд.

Таърихи мактаб

Литсейи Оғохони ш. Хоруғ, яке аз муассисаҳои таълимии ташкилоти ҷамъиятии Хадамоти Оғохон оид ба маориф дар Тоҷикистон (AKES, Tj) буда, моҳи сентябри соли 1998 таъсис ёфтааст. Он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон, якҷоя бо Волоҳазрат Оғохон ифтитоҳ гардид.

Литсей дар бинои собиқ мактаби №3 (ба номи Киров), мактаби дорои таърихи бонуфуз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) таъсис дода шудааст. Баъд аз таъсис намудани литсей, аксарияти омӯзгорон, кормандон ва хонандагони мактаби №3 фаъолияташонро дар ин муассисаи таълимӣ идома доданд.

Литсейи Оғохон анъана ва таърихи деринаи рушди раванди таълим дорад. Таҳкурсии системаи маорифи ҳозираро ҷаноби Султон Маҳмуд Шоҳ Оғохони III гузоштааст, ки зиёда аз 200 мактабро дар давоми асри XX таъсис додааст. Аввалин мактабҳо тақрибан соли 1905 дар Занзибар, Гвадар (Покистон), Дар-эс-салам (Танзания) ва Мундра (Ҳиндустон) таъсис дода шудаанд. Аз замони таъсиси муассисаҳои таълимии Хадамоти Оғохон оид ба маориф дар солҳои 1970, мактабҳо ба таври мутамарказ идора карда мешаванд.

Айни замон Хадамоти Оғохон оид ба маориф зиёда аз 200 мактаб ва якчанд барномаҳои таълимиро идора менамояд, ки ба зиёда аз 75 000 хонанда дар Покистон, Ҳиндустон, Бангладеш, Кения, Уганда, Танзания, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аморатҳои Муттаҳидаи Араб ва Мадагаскар бо таълими босифат дар таҳсилоти томактабӣ, ибтидоӣ, миёна ва миёнаи олӣ пешкаш менамоянд. Мактабҳо инчунин дар Афғонистон ва Ҷумҳурии Демократии Конго сохта кушода мешаванд.

Мактабҳои Оғохон хонандагонро дар рӯҳияи донишҷӯӣ ва тафаккури иҷтимоӣ доштанро тарбият менамоянд.

Муносибат ба таълиму тарбия

Вазифаи асосии мактаб ин рушди малакаҳо, инкишофи тафаккури интиқодӣ ва таҳлил, эҷодкорӣ ва ҳалли мушкилот, муошират ва ҳамкорӣ мебошад. Мактаб инчунин донишҷӯёнро ҳидоят мекунад, ки фарҳангҳо, сохторҳои иҷтимоӣ, арзишҳо ва эътиқодҳои халқҳои дигарро эҳтиром ва қадршиносӣ кунанд. Дар якҷоягӣ, ин усулҳо воситаҳоеро таҳия мекунанд ва хусусиятҳоро инкишоф медиҳанд, ки ба донишҷӯён барои бомуваффақият будан дар давоми таҳсил, дар ҷомеаҳое, ки онҳо барои зиндагӣ интихоб мекунанд ва инчунин дар ҷаҳони торафт бо ҳам вобаста буда, лозим мешавад.

Маркази инкишофи кӯдак

Литсейи Оғохон барои рушди таҳсилоти томактабии кӯдакон пешбинӣ шудааст. Барномаи инкишофи барвақти кӯдак дар литсейи Оғохон дар айни замон зиёда аз 200 кӯдаки 3 то 6 сола дар барномаҳои таълимии нимрӯзӣ ва пурра фаро гирифта шудаанд. Диққати асосии литсейи Оғохон дар фароҳам овардани муҳити ғамхорона ва ҳавасмандкунанда барои кӯдакони синни томактабӣ, аз ҷумла дастгирӣ намудан дар истифодаи забони модарӣ, инчунин забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, ба таҷрибаҳои беҳтарини таҳқиқшуда дода шудааст.

Хадамоти Оғохон оид ба маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва литсейи Оғохони ш. Хоруғ бо ташкилотҳои Шабакаи Рушди Оғохон, аз он ҷумла, Фонди Тоҷикистонии Оғохон ва Хадамоти Оғохон оид ба тандурустӣ ва инчунин бо ҳукумати ВМКБ ҷиҳати таъмин намудани дастрасӣ ба таҳсилоти томактабии босифат ба кӯдакон аз рӯзи таваллуд то синни шашсолагӣ, тавассути моделҳои гуногуни таълиму тарбия, ҳамкорӣ менамояд. Дар доираи ин ҳамкорӣ мактабҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёна ва Марказҳои инкишофи кӯдаки Хадамоти Оғохон оид ба маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, муассисаҳои давлатии томактабии назди муасисаҳои таълимии миёнаи давлатӣ, кӯдакистонҳои давлатӣ, барномаҳои давлатии рушди барвақти кӯдак дар деҳоти дурдаст ва барномаи нигоҳубин ва рушди кӯдак дохил мешаванд. Дастгирии ғайримустақим омӯзиши омӯзгорони МИК, барномаи солимии модарон пеш аз ва баъди таваллуди кӯдак, таъмини захираҳои таълимӣ ва таъмири синфхонаҳоро ба бар мегирад.

ХАДАМОТИ ОҒОХОН ОИД БА МАОРИФ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (AKES, TJ)

Хадамоти Оғохон оид ба маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин ташкилоти ҷамъиятии дар Тоҷикистон бақайдгирифта шуда мебошад, ки дар таъмини мустақими таҳсилоти босифат барои кӯдакони аз синни 3 солагӣ то 18 сола фаъолият менамояд ва ба такмили ихтисоси омӯзгорон тавассути гузаронидани омӯзиш дар ҷои кор, мусоидат менамояд. Хадамоти Оғохон оид ба маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои Шабакаи Оғохон оид ба рушд ва муассисаҳои таълимии давлатӣ барои таъмини дастрасии босифат дар минтақаҳои дурдаст ва деҳот ва пешниҳоди идрори шоиста ба хонандагони аслу нажодашон гуногун ва аз оилаҳои маргиналӣ, ҳамкорӣ менамояд.

Хадамоти Оғохон оид ба маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро соли 1997, таҳти роҳбарияти Хазинаи Оғохон оид ба маориф оғоз кард. Ҳадафи Хазинаи мазкур беҳтар намудани таълими забони англисӣ ва иқтисоди бозорӣ дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон буд.

Чорабиниҳои назарраси гузашта якчанд имкониятҳои омӯзиширо барои омӯзгорон дар Британияи Кабир ва таъсиси мактабҳои намунавиро дар маркази вилоят, шаҳри Хоруғ ва дар шаҳри Оши ҷумҳурии ҳамсояи Қирғизистон, аз ҷониби Хадамоти Оғохон оид ба маориф-и Ҷумҳурии Қирғизистон, ки ба сифати марказҳои минтақавии такмили ихтисос хизмат мекунанд, дар бар мегиранд.

Тавассути ҳамкорӣ бо Донишкадаи рушди маорифи назди Донишгоҳи Оғохон, якчанд омӯзгорони литсейи Оғохон дар бахшҳои илм, математика, иқтисод, забони англисӣ ва технология дар семинарҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисосии минбаъда ширкат варзиданд.

Хадамоти Оғохон оид ба маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо даҳ мактабҳои давлатӣ дар ноҳияҳои ВМКБ тавассути Лоиҳаи мактабҳои шарикӣ (Allied Schools Project) ҳамкорӣ намуда, фаъолиятро дар самти такмили сарварӣ ва ихтисоси муаллимон, таъмири иншоотҳо ва таъмини таҷҳизот ва захираҳои асосиро дар бар мегирифт. Ҳадафи ин ҳамкорӣ баланд бардоштани сифати таълим дар ин мактабҳо ва барқарор намудани робита бо литсейи Оғохон ва муассисаҳои таълимии давлатӣ дар ин минтақа буд.

Аз соли 2013 инҷониб, ин ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимии давлатии ВМКБ тавассути Барномаи имдоди таълим дар деҳот (LSP - Learning Support Program англ.) идома дорад.

БАРНОМАИ ИМДОДИ ТАЪЛИМ ДАР ДЕҲОТ (LSP)

Ин барнома, ҳамчун барномаи таълимии иловагии берун аз дарс, ки дар ибтидо аз ҷониби Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори (ММКД) – и Донишгоҳи Осиёи Марказӣ таҳия шудааст, омӯзиши забони англисӣ, технологияи ICDL (Сертификати байналмиллалӣ оид ба саводнокии компютерӣ) ва риёзиро ба хонандагони синфҳои 7 – 11 муассисаҳои таълимоти миёнаи давлатии ВМБК дар деҳотро дар бар мегирад. Давомнокии ҳар як омӯзиш тақрибан 6 моҳ аст ва дар охири омӯзиш хонандагон аз тарафи мутахассисони дохилӣ ё беруна дар асоси барномаи таълимии иҷрошуда баҳогузорӣ карда мешаванд. Омӯзиш дар шакли дарси иловагӣ аз ҷониби омӯзгорон гузаронида мешаванд.

Айни замон барнома 10 мактаби миёна ва зиёда аз 450 хонандаро фаро мегирад ва зиёда аз 30 омӯзгор бо кор ва захираҳои таълимии лозимӣ пурра таъмин мекунад.

Дар доираи барномаи имдоди таълим дар деҳот ҳамасола ба муаллимон зиёда аз 70 соат омӯзиши такмили ихтисос пешниҳод карда мешавад. Омӯзишҳо аз ҷониби омӯзгорони литсей Оғохон ва дигар коршиносон роҳандозӣ карда мешаванд ва дар назар дошта шудааст, ки ин машғулиятҳо платформаи рушди касбии «ҳамсол ба ҳамсол» мегарданд, ки ҳадафи он чунин аст:

i. мусоидат намудан ба маданияти кушод (мусбат) ва инъикоскунандаи одобу рафтор дар синфхона.

ii. ба омӯзгорон фароҳам овардани имконияти ҳамкорӣ ва робита бо ҳамкасбон дар дохили ВМКБ ва берун аз он;

iii. намоиши дарс ва қабули фикру тавсияҳо дар бобати раванди дарсдиҳии фанҳои мухталиф, ва

iv. ҳавасманд кардани муаллимон барои мубодилаи таҷрибаи синфӣ тавассути гузаронидани машғулиятҳои хурди таълимӣ.

Соли 2021 барномаи мазкур ба ММКД–и ДОМ ҳамчун як қисми стратегияи васеъкунии фаъолият (салоҳият) ва имдоди таълимӣ дар минтақаҳои деҳоти ВМКБ супорида шуд.

ҲАМКОРӢ

Литсейи Оғохон аз якчанд ҳамкорӣ ва ассотсиатсияҳои махсус, ки бо муассисаҳои пешқадами таълимӣ, аз ҷумла муассисаҳои Амрикои Шимолӣ, Аврупо, Африқо ва Осиё ташкил шудаанд, баҳра бурда истодааст. Имкониятҳои ризокорон. ки коршиноси соҳаи худ ҳастанд, инчунин ба литсейи Оғохон ва Хадамоти Оғохон оид а маориф дарTоҷикистон фоидаи зиёде расонданд.

Ин ҳамкорӣ ба сифати барномаи таълимӣ ва ба кори барномасозони такмили ихтисос мусоидат менамояд ва кафолати он медиҳад, ки муассисаҳои таълимиамон дар мувофиқасозии барномаи таълимӣ бо стандартҳои байналмилалӣ саъю кӯшиш мекунад.

Ташаббусҳои дигаре, ки дар литсей гузаронида мешаванд, ин гузаронидани семинарҳо дар мавзӯи мубориза алайҳи ВНМБ/АНМБ (ВИЧ/СПИД), ҷорӣ намудани одати истифодабарии технологияи мосир дар синфхонаҳо ва таълими забони англисиро тавассути санъати театрӣ дар бар мегиранд.