Литсейи Оғохони ш. Хоруғ

ҲИКОЯҲО/АХБОРОТ

Дар акс:
Барои таҷлили иди Наврӯз, Марказҳои инкишофи кӯдак барои хонандагон як чорабинии махсус ташкил мекунанд. Дар чаҳорчӯби таҷлили ин ид бо истифода аз таомҳои анъанавӣ ба кӯдакон дастархони идона ороста карда мешавад, то ки онҳо аз таомҳои гуногун лаззат баранд.

Наврӯз дар Тоҷикистон як ҷашни бошукӯҳ аст ва имкониятро барои хонаводагон, бахусус насли наврас, дар гириди ҳам ҷамъ омадан ва якҷоя ҷашн гирифтани анъанаҳои миллӣ фароҳам меорад.

Чорабинии Наврӯз ба хонандагони МИК имкон медиҳад, ки анъанаҳои муҳимро дар муҳити мувофиқ ва шавқовар омӯзанд.

БАҲОР: ОҒОЗИ НАВИ ҶАШНГИРӢ
Дар Тоҷикистон иди Наврӯз ҷашни чаҳоррӯзаи миллӣ буда, имкони таҷлили якҷояи суннатҳои аҷдодӣ дар канори хонаводаҳо, ба хусус бо хурдтарин аъзоёни хонаводаҳоро фароҳам меорад.

Мувофиқи маълумоти Хазинаи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ), волидон дар рушди барвақтии кӯдак нақши калидӣ доранд. Маҳз ба хотири дастгирии оилаҳои ҷавон, Хадамоти Оғохон оид ба маориф дар Тоҷикистон ҳамасола барои кӯдакони синни 3 то 6 сола дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Ишкошим барномаи Наврӯзиро баргузор менамояд.

Таҷлили иди Наврӯз дар марказҳои инкишофи кӯдакони синни томактабии (МИК) Хадамоти Оғохон оид ба Мариф дар Тоҷикистон ба кӯдакон имконияти омӯзиш ва эҳсоси анъанаҳои меросии аҷдодонашонро дар муҳити шавқовар фароҳам морад.

Наврӯз, ки маънояш "рӯзи нав" аст, ҳамасола рӯзи 21-уми март дар саросари ҷаҳон дар байни мардуми мухталиффарҳангу маданият ва гуногун эътиқод ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашни баҳор анъанаҳои бойро таҷассум мекунад, ки рамзи мавсими файзу баракат ва замони умеди нав ва оғози нав аст.

Чорабиниҳои мазкур дар МИК-и Хадамоти Оғохон оид ба Маориф барои кӯдакон бо ширкати падару модар боз ҳам шавқовар мегузаранд. Ҳар сол оилаҳо дар омодасозии либос ва хӯрокҳои идона ва инчунин, аз ёд кардани шеърҳо, суханронӣ ва тайёр намудани рақсҳои анъанавӣ барои гузаронидани чорабинӣ кӯмак мерасонанд.

Шоширинова Ганҷина, омӯзгори МИК дар шаҳри Хоруғ мегӯяд: “Волидайн аз ширкат ва кӯмак дар баргузории ҷашнҳои кӯдаконашон лаззат мебаранд».

"Имсол волидон як намоишгоҳи аҷиби анъанавии хӯроквориро ташкил карданд, ки имконияти бузург барои рушди расму оини аҷдодонамон мебошад. Ин ҳамкорӣ ҳам ба раванди омӯзиши кӯдакон ва ҳам дар муттаҳид намудани ҷомеа мусоидат мекунад."

Наврӯз рамзи нахустини рӯзи баҳор ва файзу баракати табиат буда, арзишҳои сулҳ, эҳтироми ҳамдигар, ҳамбастагӣ ва дӯстиро тарғиб мекунад. Мувофиқи анъанаи баҳорӣ, омӯзгорон ва кӯдакон МИК ба хотири дарки моҳияти анъанаҳои миллӣ дар иҷрои расму оинҳои баҳорӣ ба монанди тоза кардаин муҳити атроф фаъолона иштирок мекунанд.

Дар маросими ҷашни Навруз дастархон одатан бо таомҳои анъанавии аҷдодӣ, ба монанди борсоқ (арзуқ), кулча (нон), алво (бат-ғизои шакарин), нон бо чормағз, оши бурида, ва омоч (шӯрбоҳои анъанавӣ) ороста мегардад. Кӯдакон бо кӯмаки бевоситаи омӯзгоронашон кушиш мекунанд, ки дар давоми таҷлили ид бо чашидани таомҳои болаззат номҳояшонро тахмин гуфта тавонанд.

Суҳайло Сулаймонова, модари яке аз хонандагони чаҳорсолаи МИК мегӯяд: "Таҳкими дониш ва малакаҳои фарҳангӣ ва анъанавӣ аз овони кӯдакӣ яке аз муҳимтарин ва арзишмандтарин омӯзиши кӯдаконамон дар Маркази инкишофи кӯдакии Хадамоти Оғохон оид ба Маориф мебошад."

Ҳадафи гузаронидани чунин чорабиниҳои анъанавӣ дар иди Наврӯз аз бедор кардани ҳисси худогоҳии оилаҳо ва шодию нишот иборат мебошад. Таҷлили ин ид инчунин кӯдаконро ба саволу ҷавоб, баёни фикру андеша, мубодилаи мушоҳидаҳои фардӣ бо омӯзгорон, ҳамсинфон ва аъзоёни оилаҳояшон ташвиқ мекунад. Дар ниҳояти кор, ин ба онҳо кӯмак мекунад, ки боварӣ ва эътимодро ба русумоти аҷдодӣ пайдо кунанд, зеро дар ҳамин овон онҳо дарки моҳияти анъанаҳои бой, ки тавассути оилаҳо ва ҷамоаҳо то имрӯз мерос омаданд, оғоз мекунанд.

Вақте ки кӯдакон ба воя мерасанд, дарси омӯхташударо дар дигар соҳаҳои ҳаёти худ татбиқ

хоҳанд кард ва чун давраи эҳё идома дорад, ҳамон тавре ки Наврӯз ҳамасола фаро мерасад, хонандагон ин анъанаҳоро ба наслҳои нав интиқол медиҳанд.


ҚАДРДОНИИ ЛИТСЕЙИ ОҒОХОН АЗ НАТИҶАҲОИ ОЛИИ БАДАСТОВАРДА ДАР СОЛИ ТАҲСИЛИ 2020-2021
30-уми сентябри соли 2021

Литсейи Оғохон дар ш. Хоруғ, Тоҷикистон, бо камоли хурсандӣ хабар медиҳад, ки мактаб, кормандон ва хонандагон дар тӯли соли таҳсили 2020-2021 бо як қатор ҷоизаҳои гуногун қадрдонӣ карда шудаанд. Литсейи Оғохон аз ҷониби Хадамоти Оғохон оид ба маориф идора карда мешавад. Он беш аз 1200 хонандаро бо таҳсилоти васеъ ва ҳамаҷониба ҳамчун таъсиси заминаи мустаҳкам барои рушди минбаъдаи таҳсилот таъмин мекунад. Мукофоти дар тӯли соли таҳсил гирифташуда, боиси ифтихори бузург гардиданд.

Дар моҳи июн, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон литсейи Оғохонро барои дастёб шудан ба ҷойи аввал дар олимпиадаҳои соли таҳсили 2021 дар байни ҳамаи мактабҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), қадр намуд.

Дар худи ҳамон сол, Ҳукумати ВМКБ директори мактаб Давлат Худоназаровро барои талошҳо ва комёбиҳои бузурги мактаб бо ифтихорномаи фахрӣ сарфароз гардонд. Ин ҷоиза як меъёри аълои таълимӣ ва огоҳии фарҳангӣ мебошад, ки литсейи Оғохон дар пайгириаш аз ҳавасманд кардани таҷассуси фикрии хонандагон кӯшиш мекунад". Хонандагони мо талош мекунанд, ки дар ҳама сатҳҳо рақобат кунанд. Бахусус, вақте ки онҳо манфиатҳои аҷиби таҳсилро мебинанд ва пас аз муваффақ шудан дар [пешрафти академӣ] имкониятҳои боз ҳам бештарро [ба даст меоранд]", шарҳ дод директори мактаб. "Ин онҳоро водор мекунад, ки [дар таҳсил сахткӯш бошанд] ва беҳтарин дониш ва маҳоратҳои худро амалӣ кунанд."

Хонандаи синфи 10 Соҳибназарова Ойқанд дар олимпиадаи вилоятӣ сазовори унвони «Беҳтарин хонандаи сол» гардид. Вай пас аз рақобат бо хонандагони беш аз 100 мактаб ба ин дастоварди шоёни таҳсин ноил гардид ва барои ҳамсолони худ ҳамчун манбаи илҳом боқӣ мемонад. «Дар робита ба талошҳои муаллимонам ва шавқу ҳаваси онҳо, ин [як саҳми ночиз] ба мактаби ман аст. Ман омодаам, ки литсейи Оғохонро дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва берун аз он намояндагӣ кунам ва аз он ифтихор дорам, ки ба дастовардҳое ноил шудаам, ки ба касби ояндаи ман [таъсири мусбӣ] хоҳанд расонд.

Одинамамадова Шарифамо литсейи Оғохонро бо баҳои аъло хатм карда, бо дипломи сурх ва медали тилло мукофотонида шуд. Ин ду мукофоти дилхоҳ барои хатмкунандагоне мебошанд, ки дар кори илмомӯзӣ натиҷаҳои аълоро нишон медиҳанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин ин хонандаро бо идрори президентӣ ва бо унвони “Китобхони беҳтарин”, ки он ҷоизаи озмуни ҷумҳуриявӣ мебошад, сазовор гардонд.

Муваффақият дигар ин аст, ки моҳи августи соли 2021 хонандаи синфи 10 Миршамсова Васила дар олимпиадаи байналмилалии ҲИППО (Hippo англ.) 2021, ки дониши хонандагонро аз забони англисӣ месанҷад, ширкат намуд. Васила дар сатҳи баланди дониши забони англисӣ баромад карда, дар байни беш аз 80 донишомӯз аз саросари ҷаҳон ҷои дуюмро ишғол намуд. Рақобати охирон бо ғолибони ин озмун тирамоҳи соли 2021 дар Венетсияи Итолиё мегузарад.

Дар тӯли соли таҳсил беш аз 100 нафар хонандагони литсейи Оғохон дар олимпиадаҳои ҳам академӣ ва ҳам варзишӣ дар сатҳҳои минтақавӣ ва кишварӣ ғолиб омаданд. Илова бар ин, сатҳи дохилшавии хатмкунандагони имсола ба донишгоҳҳо ба 97% расид, ки 69% онҳо дар донишгоҳҳои байналмилалӣ таҳсил мекунанд. Ин комёбиҳо ҳамчунин нишондиҳандаи маҳорат ва кӯшишу ғайрати омӯзгороне мебошанд, ки барои ҳавасмандгардонӣ ва рӯҳбаландии ҳаррӯзаи хонандагон саҳм мегузаронанд.

Лутфан, барои саҳми бебаҳои волидон ва омӯзгорон, ки ба хонандагони мо имконияти ба чунин комъёбиҳо ноил гарданд, табрик менамоем.


ЗАНОНЕ, КИ БА МАН ИЛҲОМ МЕБАХШАНД: ҲИКОЯИ ЯК ХОНАНДАИ СИПОСГУЗОРИ ЛИТСЕЙИ ОҒОХОН ДАР Ш. ХОРУҒ.
2-юми марти соли 2021

Номи ман Қудратбекова Давлатноз мебошад. Ман як хонандаи 15-сола (синфи 9) дар литсейи Оғохони шаҳри Хоруғ, Тоҷикистон ҳастам. Ман худро хеле хушбахт меҳисобам, зеро касби ояндаамро дар соҳаи тиб пайгирӣ мекунам. Ман ба сабаби гирифтани баҳои баландтарин аз фанни кимиё дорандаи идрори хусусӣ ва дар якчанд олимпиадаҳои шаҳрӣ ва минтақавӣ ғолиб омадаам.

Ман танҳо ба чунин мувафақиятҳо намерасидам, чун ин саҳми муштараки мактаб ва муаллимонам ба ман имкон доданд, ки ба онҳо ноил гардам. Ман аз мактаби худ ифтихор мекунам ва аз афроде, ки дар таҳсилам маро роҳнамоӣ мекунанд, таълим медиҳанд ва илҳом мебахшанд, сипосгузорам.

Ман беандоза хушбахтам, ки бо афроде вохӯрдам, ки маро илҳом бахшиданд, то ки фанни кимиёро дӯст бидорам. Ман ҳаргиз фикр намекардам, ки дар фанҳои дақиқ ё риёзӣ хеле хуб мебошам, аммо баъдан ман ба мутолеаи дарсҳои кимиё шурӯъ кардам ва бо муаллимаи кимиё Худоназарова Нозанин шинос шудам. Вай хушбин, пурқувват ва азми қавӣ дорад, ки шогирдонашро ба дӯст доштани илмҳо ташвиқ кунад. Вай тавонист кунҷковии табиии моро ба кимиё биангезад, то ҳадде, ки боварии мо зиёд шуд. Мо баъд аз дарсҳо бо ӯ вақти зиёдтарро гузарондем, то каме бештар ёд гирем. Вай ба мо на танҳо илми кимиёро таълим дод, вай ҳамчунин ба ман ва ҳамсинфонам таълим дод, ки ба худ боварӣ дошта бошем то ба ҳадафҳои худ бирасем, агар тамоми нерӯямонро ба он сафарбар кунем.

Зани дигаре, ки маро ҳамеша дастгирӣ ва рӯҳбаланд мекунад, модарам аст, ки худ мутахассиси оид ба муҳити зист (эколог русс.) ва дар гузашта ғолиби олимпиада аз фанни кимиё мебошад. Вай ба ман дар иҷрои вазифаи хонагиам дастгирӣ мекунад ва раванди таълимро ба баҳсҳои ҷолиб табдил медиҳад, ки ба мо имкон медиҳад, то ҳали онро якҷоя пайдо кунем. Модарам ба ман озодӣ дар омӯзиши манфиатҳоям дод, то ки роҳи худро дар илмомӯзӣ пайдо кунам. Ӯ маро ташвиқ кард, ки донишамро дар соҳаҳои мухталиф афзоиш диҳам. Ҳадафи ман ин аст, ки боғайратона корамро идома дода, мисли модарам ба ҳамон дастовардҳои академӣ ноил шавам; вай намунаи ибрат барои ман аст, зеро ман барои пирузиҳои оянда талош мекунам.

Хушҳолам, ки бигӯям литсейи Оғохон барои хонандагони худ фаъолиятҳои ҳаррӯза ва нақшаи таълимии муштараки Илмҳои табиӣ ва дақиқ, технологияи информатсионӣ, ӣуҳандисӣ ва риёзӣ (STEM- Science, Technology, Engineering and Math англ.) -ро муаррифӣ кардааст. Ин имкониятҳои дохилшавии онҳоро ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба ҳадди аксар мерасонад. Ин боз як имконияти хуб барои хонандагон (асосан духтарон) мактаби мо аст, ки барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ талош мекунанд. Дар ин ҷо, фурсатҳо барои хонандагон (асосан духтарон) аксари вақт аз тариқи омӯзгорони (занон) мо ба даст меояд. Онҳо баҳри амалӣ намудани орзуҳоямонро илҳом мебахшанд ва талошҳои он омӯзгорон сазовори қадридонии ҷомеа мебошанд. Ман ба онҳо ташаккури зиёд мегӯям!

Аксҳо: Пиронова Зарангез (аз боло ба поён):


ҲАМКОРӢ: ДИРЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ ДАВЛАТӢ БА ЛИТСЕӢ ОҒОХОНИ Ш. ХОРУҒ ТАШРИФ МЕОВАРАНД.
20-уми январи соли 2021

Дар доираи кӯшишҳои доимии Шабакаи Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон (AKDN-Aga Khan Development Network англ.) оид ба табодули таҷрибаи пешқадам ва баланд бардоштани сатҳи таълими босифат дар мактабҳои давлатӣ, 41 директори мактабҳои давлатӣ дар моҳи октябри соли 2020 ба литсейи Оғохон дар ш. Хоруғи Тоҷикистон [ки аз ҷониби Хадамоти Оғохон оид ба маориф (AKES) идора карда мешавад], ташриф оварданд.

Ин сафар аз ҷониби Бунёди Оғохон (AKF, TJ - Aga Khan Foundation, Tajikistan) дар Тоҷикистон ва Филиали Донишкадаи Ҷумҳуриявии Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ташкил карда шуд. Мудирон аз 41 навоҳии ВМКБ намояндагӣ мекарданд.

Зимни боздид, мудирон беҳтарин таҷрибаҳоро дар як қатор соҳаҳо, аз ҷумла идоракунӣ, таълим, нигоҳдории иншоот ва такмили ихтисос мушоҳида намуданд. Онҳо ҳамчунин аз Маркази инкишофи кӯдак ва Маркази захиравӣ-таълимӣ барои кормандон ва хонандагон боздид карданд.

Саидошуров Шералӣ, сармутахассиси барномавӣ оид ба маорифи Хазинаи Оғохон, қайд кард, ки: “Сафар бо мақсадии фароҳам овардани имконият ба директорон мактабҳое, ки аз ҷониби Хазинаи Оғохон ҷонибдорӣ мешаванд ташкил шуда буд. Ҳадафи он омӯзиши аз беҳтарин таҷрибаҳо ва фаъолиятҳои литсейи Оғохон ва ҳамчунини дигар барои мубодилаи фикру мулоҳизаҳо буд”.

Муносибати тарафайн бо кормандон ба директорон имкон дод, ки намунаҳои амалии таълими босифат ва ҳамкории байни омӯзгорон ва хонандагонро бубинанд. «Ман боварии комил дорам, ки ин сафар тағйироти бузургро дар ҷаҳонбинӣ ва таҷрибаҳои директорон ворид хоҳад кард ва ба таълиму тарбия дар мактабҳои онҳо таъсир хоҳанд расонд».

Мудироне, ки ба литсейи Оғохон ташриф оварданд, аз баррасиҳои мавзӯъҳои дастаи мудирияти литсейи Оғохон мутаассир гаштанд. Онҳо барои омӯхтан дар бораи истифодаи васеи технологияҳои нав дар мактаб ва муносибати онҳо барои беҳтар кардани натиҷаҳо дар фанҳои дақиқ, риёзӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар доираи се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) майл доштанд. Директорон ҳамчунин муносибати хонанда меҳвари мактабро эътироф ва қадрдонӣ карданд.

Мамадфозилов Зулобӣ, Директори иҷроияи Хадамоти Оғохон оид ба маорифи дар Тоҷиксистон ва Қирғизистон (АКЕS Central Asia англ.) андешаҳои худро дар бораи сафар чунин баён намуд: «Барои омӯзгорон, бахусус роҳбарони мактабҳо муҳим аст, ки аз имкониятҳои ҳамкорӣ, шиносоӣ бо таҷрибаи пешқадамро истифода кунанд. Ҳамчунин аз ҳамкасбони худ дар як заминаи воқеӣ ва муносибро биомӯзанд ва афкори навро, ки дар муҳити худ татбиқ намоянд, бипазиранд. Чунин боздидҳо барои роҳбарони минтақаҳои дурдаст ва дар бумбаст қароргирифта муҳиманд, зеро онҳо ҳисси робита ва ҷомеаи васеътари омӯзиши касбиро таъмин мекунанд. Хадамоти Оғохон оид ба маориф аз мубодилаи таҷрибаҳои беҳтарин, мусоидат намудан ба муколамаи касбӣ ва саҳм гузоштан дар беҳбуди сифати таҳсилот дар минтақа ифтихор мекунад.”


ДАРСҲОИ БЕХАТАР ДАР ФАЗОИ КУШОД ДАР ЛИТСЕЙИ ОҒОХОН, Ш. ХОРУҒ, ТОҶИКИСТОН
12-уми ноябри соли 2020

Тобистони соли 2020 барои бештари мо як тобистони тамоман дигар буд ва ба ягон тобистони дигар шабоҳате надошт. Маҳдудиятҳои беҳдошти ҷамъиятӣ, ки дар натиҷаи пандемияи COVID-19 ба вуҷуд омадаанд, боиси ҷудошавӣ ва ташвиши кӯдакони хурдсол шуданд.

Хислати таътили хеле ҳам мутафовути тобистонаи хонандагонро ба назар гирифта, литсейи Оғохон дар ш. Хоруғ тамоми кӯшишро ба харҷ додааст то дар ҳаёти хонандагон каме фароғат биёварад. Хонандагон аз дар фазои кушод буданро лаззат мебаранд ва ин фазо ба онҳо имконияти нигоҳдошти фосилаи ҷисмониро риоя намудан ва хатари паҳншавии вирусро паст намудан, медиҳад.

Омӯзгорони литсейи Оғохон дарсҳои гуногунро дар фазои кушод, аз ҷумла дарсҳои санъати тасвирӣ, тандурустӣ ва тарбияи ҷисмониро баҳри фароҳам овардани муҳити дигари дарсӣ мекӯшанд. Хайримамадова Саврина, ҳамшираи тиббии мактаб мегӯяд: “Дар фазои кушод будан барои саломатии кӯдак манфиатҳои зиёд дорад. Ба ғайр аз таъсири мусбат ба системаи иммунӣ, он як такони иловагии эҳсосотиро медиҳад ва метавонад шиддат, фишор, хашмгинӣ ва афсурдагии одамро паст намояд."

Агар обу ҳаво муносиб бошад, муаллимон барои нигоҳубинии саломатии хонандагон, кормандон ва дигарон аз тамоми имкониятҳои дохилӣ ва берунии бинои мактаб истифода хоҳанд кард.

Ноёбшоева Зулфия, омӯзгори фанни санъати тасвирӣ мегӯяд: “Хонандагон як давраи душвореро аз сар гузарониданд, ки бахусус барои хонандагони хурдсол оддӣ нест. Сарфи назар аз тағйироте, ки дар натиҷаи пандемияи COVID-19 ба вуҷуд омадааст, ҳанӯз ҳам бозиҳои зиёдро мумкин аст ба дарсҳо ворид кард ва раванди таълимиро бехатар ва пурмаҳсул гардонд. ”

Акҳо/Ҳикоя: Пиронова Зарангез


АЗ НАВ КУШОДАШАВИИ ЛИТСЕЙИ ОҒОХОН: БИХОНЕД ВА САЛОМАТ БОШЕД!
24-уми августи соли 2020

Аз нав кушодашавии мактабҳо пас аз басташавӣ бо сабаби пандемияи COVID-19 гузаронидани як қатор чорабинӣ ва фаъолиятҳо барои нигаҳдошти саломатии ҳар як шахсе, ки дар мактаб кор ва таҳсил мекунад, талаб мекунад. Ин ҳамчунин бояд ба тандурустии аҳолӣ мусоидат кунад, агар хуб анҷом дода шавад.

17-уми августи соли 2020 дар баробари дигар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон литсейи Оғохони ш. Хоруғ дарҳои худро ба рӯи беш аз 1000 хонанда боз кард. Барои омодасозӣ ба ин рӯйдод, ки мавриди интизории зиёд буд, ҳамкорӣ ва машварат бо кормандони Хадамоти Оғохон оид ба маориф дар Тоҷикистон анҷом дода шуданд. Итминон бояд ҳосил шавад, ки ҳамаи тартиботи бехатарӣ пеш аз оне, ки хонанда ва муаллими дар бинои мактаб ворид шаванд, роҳандозӣ шуда бошанд .

Паҳн кардани итилооти асосӣ оиди коронавирус, ба монанди аломатҳо, мушкилот, тарзи интиқоли он ва чӣ гуна пешгирӣ кардани интиқоли он, ва баланд бардоштани фаҳмиши хонандагон дар литсейи Оғохон алҳол вазифаи аввалиндараҷа мебошад. Иттилоот ва далелҳо дар бораи вируси COVID-19 барои коҳиш додани тарсу ҳароси хонандагон ва нигаронии волидонро дар атрофи ин беморӣ кӯмак хоҳад кард.

Барои таъмини бехатарӣ ва саломатии муаллимон ва хонандагон, литсейи Оғохон ба ду басти таҳсили мактабӣ гузашт, то ки фосилаи физикӣ таъмин карда шавад. Тадбирҳои пешгирикунанда, аз қабили фосилаи физикӣ, шустани дастҳо ба таври мунтазам бо оби тоза ва собун, машруботи спиртӣ барои шустани дастҳо, пӯшидани ниқобҳо ва безараргардонии ҳамарӯзаи биноҳои мактаб қатъиян риоя карда мешаванд. Риояи қоидаҳои баҷосозии партов (асосан ниқоби истифодабурдашуда) ва тартиботи безараргардонӣ низ бахше аз иқдомоти маъмурияти литсейи Оғохон мебошанд.

Барномаи бехатарӣ ва умуман раванди таълим дар литсейи Оғохон хонандагонро ташвиқ мекунад, ки ҳомии пешгиркунандаи ин мараз дар хона, мактаб ва ҷамоати худ гарданд. Онҳо бояд донишро дар бораи пешгирии паҳншавии вирусҳо, ҳамчунин ташвиқи таҷрибаҳои бехатар дар байни оила, дӯстон ва хамсояҳоро паҳн кунанд.

06 августи соли 2020
Хабарнома
Хабарномаи Литсейи Оғохон (Баҳори соли 2020)


ОМӮЗГОРОНИ МАРКАЗИ ИНКИШОФИ КӮДАК ДАР Ш. ХОРУҒ ВОЛИДОНРО ДАР ОМӮЗИШҲОИ ХОНАГИИ КӮДАКОН ДАР ДАВРОНИ ПАНДЕМИЯИ COVID-19 ДАСТГИРӢ МЕКУНАНД.
26 –уми июни соли 2020

Воқеиятҳои пандемияи COVID-19 боиси баста шудани мактабҳо дар саросари Тоҷикистон шудаанд, аммо муаллимони Маркази инкишофи кӯдар (МИК)-и Хадамоти Оғохон оид ба маориф дар ш. Хоруғ аз кор даст намекашанд.

Дар иваз, онҳо беист кор мекунанд, то дар вақти дар хона буданашон бо хонандагон худ дар иртибот шаванд ва ба волидон барои идомаи таҳсили кӯдакон кӯмак расонанд.

Волидони хонандагони МИК таъкид карданд, ки муаллимон талош мекунанд, то корҳои ҳаррӯзаи фарзандонашонро ҳифз кунанд, ки ин бахусус барои аз ҳама хурдтаракон (3-4 сола), ки шароити навро наметавонанд ба таври пурра дарк кунанд, бисёр муҳим аст.

"Ман фақат оиди он ки муаллимон дар ҳоли ҳозир аз сар мегузаронанд, фикр мекунам - ин пуршиддату пурмашаққат аст ва гузариш ба барномаи таълим дар хона дар чунин фурсати кӯтоҳ кори хеле хуб аст", гуфта буд Аспармо, модари хонандаи шашсола Давлатмоҳ. "Ман тамоми талошамро ба ҳадди имкон анҷом медиҳам то тарзи омӯзиши пешинаро барои фарзандам нигоҳ дорам, [гарчанде ки] ман мутмаин ҳастам, он бо он чи ки муаллимон дар МИК дар таҳсилоти фарзандони мо саҳм мегузоранд, баробар нест."

Барои муаллимони МИК, аввалин қадам ин буд, ки дарсҳои худро ба таври фосилавӣ (онлайн) гузаронанд ва волидонро дар назорати раванди таълими кӯдакашон дастгирӣ намоянд. Сониян, омӯзгорон бояд дар муайян намудани он ки кадом раванди таълим (методика) ва технология ба онҳо имкон медиҳанд, ки бо хонандагони худ иртиботи беҳтарин дошта бошанд, тасмим гиранд. Дар ниҳоят, онҳо роҳҳои бомуваффақият расонидани маводро аз тариқи фаъолиятҳои ба кӯдакон муносиб таҳия карданд, то хонандагон битавонанд (он маводро) бо шавқ омӯхта тавонанд.

«Муҳим он аст, ки [бо волидон] дар тамос бошем ва чун як узв фаъолият кунем, чун имрӯз мо ҳама дар як ҳолат ҳастем. Ва бисёр хуб аст, ки волидон дар ҳоли ҳозир назарот ва нигарониҳои худро мубодила мекунанд ва муаллимон барои ҳалли ин нигарониҳо роҳҳои ҳаллро пайдо мекунанд”, гуфт Фарангис Мардонова, ҳамоҳангсози Маркази инкишофи кӯдаки Хадамоти Оғохон оид ба маориф.

Волидон нигарониҳои мухталиф доранд - на ҳамаи хонаводаҳо дорои имкониятҳои баробар ҳастанд ва афзалиятҳо, одатҳо, манфиатҳо ва тавоноиҳои фарзандонашон гуногун ҳастанд. Дар натиҷа, бархе аз волидайн барои таъмини тамоми захираҳои лозимӣ ва нигоҳ доштани фарзандони худ дар омӯзиши фосилавӣ душворӣ мекашанд.

"Камбудии [асосии] омӯзиши фосилавӣ ин набудани он гармӣ ва он роҳате, ки хоси муоширати рӯ ба рӯ мебошад", шарҳ дод Заррина, модари як донишомӯзи шашсолаи МИК, "Омӯзиш дар як синфхона ҷолибтар аст ва муоширати фарзандони мо бо ҳамсолон ва муаллимонашон чизе аст, ки мо дар ин омӯзиши фосилавӣ аз даст медиҳем."

Хушбахтона, бисёре аз волидон гуфтанд, ки конфронсҳои волидон ва муаллимон, ки қабл аз басташавӣ баргузор шуданд, ба онҳо дарк намудани равишҳо ва методҳои муаллимони МИК-ро барои таълим додани кӯдаконаш осонтар кардааст. Волидайн дар ҳоли ҳозир ин усулҳоро дар тӯли таҳсил дар хона истифода мекунанд.

Латифа, омӯзгори гуруҳи 4-5 солаҳои МИК, изҳор дошт, ки “новобаста аз он ки кӯдакон дар давоми таълими фосилавӣ дастур ё пешрафти мушобеҳ надошта бошанд ҳам, ҳамаи мо ба ҳадди имкон кори худамонро хуб анҷом медиҳем."

Барои гирифтани иттилооти бештар дар бораи фаъолияти МИК-и Хадамоти Оғохон оид ба маориф дар Тоҷикистон, лутфан аз сомонаи https://www.facebook.com/AKECDRCKhorog/ истифода баред:

Акс/Ҳикоя: Пиронова Зарангез ва Газалла Хирчӣ


КУЛЧАҚАНД БАРОИ БЕМОРОН
25-уми Июни соли 2020

"Ман дар хонавода бо рӯҳияи қавии ризокорӣ ба воя расидаам, ки аз волидайнам ба ман «мерос» мондааст".

Бастани мактабҳо, кор аз фосилаи дур, фосилаи физикӣ - инҳо танҳо қисме аз тағйироти тарзи зиндагӣ мебошанд, ки натиҷаи пандемияи COVID-19 мебошанд. Кӯдакон ва бахусус наврасон, инчунин калонсолон, таҳти таъсири ин маҳдудиятҳо қарор мегиранд ва дар мубориза бо вирус ва дар дастгирӣ ҳамсоягон ва хонавода дар ин давраҳои сахт бояд нақш бозанд.

"Ман дар хонавода бо рӯҳияи қавии ризокорӣ ба воя расидаам, ки аз волидайнам ба ман "мерос мондааст". "Дар сурати афзоиши теъдоди афроди гирифтори ин вирус, далели он, ки COVID-19 беморхонаҳоро дар вазъияти душвор қарор медиҳад. Дар мавриди дарк кардани он, ки бисёре аз хонаводаҳо хусусан аз сироят ёфтани аъзои онҳо ноумед мешаванд, ман фикр мекардам, ки саҳми кӯчаки шахсии ман метавонад умед ва шодии зиёдро ба касоне, ки муолиҷа аз COVID-19 мегиранд, диҳад. Аз ин рӯ, тасмим гирифтам, ки 300 дона кулчақандро пухта, бо мураббои гелосӣ, йогурти ширин ва туруш пур карда, ба беморону кормандони соҳаи тандурустии деҳаи Навободи ноҳияи Шуғнони ВМКБ ҳадя кунам», - шарҳ дод Шамирова Гулчеҳра, хонандаи синфи 7-уми литсейи Оғохони шаҳри Хоруғ.

Супурдани кулчақанд ба касалхона бо лабханд ва ташаккури фаровон аз ҷониби кормандон асосан дар мавриди дарк намудани он ки ин хайрия аз ҷониби як духтари 14-сола пешкаш шудааст, қабул шуд.

«Кормандони беморхона ҳақиқатан аз ин иқдоми Гулчеҳра ҳассос шуданд» яке аз ҳамширони (парастор) беморхона гуфт. «Ҷамоат моро ба таври мунтазам бо маводи ғизоӣ ва маводи муҳофизатии гигиениро таъмин мекунад, аммо ин як мавриди махсус аст. Ин ба дарк намудани он ки имрӯз як кӯдаки кӯчак низ дар баробари калонсолон қисмати ин мубориза бар зидди вируси COVID'19 мебошад”.


ТАҲКИМИ КОРИ ОМӮЗГОРОН – ҲАМКОРИИ ОМӮЗГОРОНИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА БРИТАНИЯИ КАБИР
28-уми апрели соли 2020

Дар мавриди рӯ ба рӯ шудан бо вируси COVID-19, дар мубаддал гардондани дарсҳо ба таҳсиле, ки метавонанд дар хона гузаронда шаванд, асбобҳо ва равишҳои нави педагогӣ, аз он ҷумда, дар риёзиёт ва фанҳои табиӣ, бахшҳои ниҳоят муҳиманд.

Бо вуҷуди ин, бояд қайд кард, ки усулҳои барои истифода дар таълими фосилавии "нав", ки дар семинарҳои рӯ ба рӯ байни омӯзгорон сохта шудаанд, аллакай дар соли 2018 омода шуданд. Онҳо ҳамчунин ба воситаҳои омӯзишӣ асос ёфтаанд, ки ба хонандагон кӯмак мекунанд, то мушкилотеро, ки ба миён меояд ё аллакай вуҷуд дорад - ба монанди фақр, тағйирёбии иқлим, пандемия, сулҳ ва амният ҳал кунанд.

Таъмини чунин таълим маҳсули пешбинишудаи шарикии Хадамоти Оғохон оид ба маориф дар Осиёи Марказӣ ва Шурои маорифи Оғохон дар Британияи Кабир (AKEB UK) мебошад. Ҳамчун бахше аз талошҳои Хадамоти Оғохон оид ба маориф барои такмили ихтисоси омӯзгорон ва таъмини қабули хонандагон ба муассисаҳои таҳсилоти олии байналмилалӣ, ҳадафи лоиҳаи ҳамкории омӯзгорон равшан аст: баланд бардоштан ва ғанӣ гардондани маҳорати омӯзишии омӯзгорони мактабҳои Хадамоти Оғохон оид ба маориф.

Гулшаева Нафиса, роҳбари бахши академии Хадамоти Оғохон оид ба мароиф дар Осиёи Марказӣ мегӯяд: «Ин лоиҳа як имконияти беҳамто барои маорифчиёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Британияи Кабир дар табодули таҷриба ва омӯзиш аз ҳамдигар мебошад. Иштироки фаъолонае, ки мо дар тренинг/омӯзиш мушоҳида кардем, барои мо нишондиҳандаи қавӣ аз муваффақияти барнома аст."

Алибхай Сугра, роҳбари лоиҳаи дастаи AKEB UK, мегӯяд: "Ин ба омӯзгорон дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳонӣ имконият медиҳад, ки гирди ҳам ҷамъ шаванд ва аз ҳамдигар биомӯзанд".

Аз замоне, ки ҳамкорӣ дар соли 2018 оғоз шуд, маорифчиён аз Британияи Кабир муаллимон ва роҳбарони мактабҳои литсейи Оғохон дар ш. Хоруғи Тоҷикистон ва мактаби Оғохон дар ш. Оши Қирғизистонро дастгирӣ кардаанд. Вазифаи аввалиндараҷаи онҳо мубодилаи таҷрибаҳои беҳтарин дар таълими риёзиёт ва фаннҳои табиӣ дар сатҳи мутавасит, ҳамчунин тақвияти маҳоратҳои роҳбарии омӯзишӣ ва донишҳои назариявӣ ва амалии омӯзгорони маҳаллӣ мебошад.

Такмили ихтисос аз тариқи семинарҳои расмии рӯ ба рӯ ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Қирғизистон анҷом дода шудаанд. Барои ҳосил намудани итминон аз он ки давраи якҷоя гузаронидашуда барои ниёзҳои омӯзгорон равона карда шавад, қабл аз расидани тими Бритониё ба Осиёи Марказӣ, барномарезӣ ва мубодилаи назаррас аз ҳар ду ҷониб амалӣ гардид. Пас аз тамосҳои баъдӣ ва барномарезӣ роҳбаладӣ, инчунин иртибототи фосилавии бошиддат дар дохили кишвар, ба муаллимон вақт дода мешавад, то он чиро, ки дар семинарҳо омӯхтаанд, тақвият диҳанд ва маҳоратҳои навро дар раванди таълими кӯдакон бисанҷанд.

То ба имрӯз, беш аз 40 омӯзгорони мактабҳои Хадамоти Оғохон оид ба маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба таври мустақим дар ташаббуси ҳамкории муаллимон мушорикат карда истодаанд. Дар навбати худ, онҳо ба беш аз ҳазор хонандагони Хадамоти Оғохон оид ба маориф таълим медиҳанд. Ин барнома ҳамчунин як таккони дигар барои он омӯзгорон мебошад, ки хоҳиши озмоиши маҳоратҳои ҷадид ҳастанд, эҷод кардааст.

«Ин омӯзиш дарки маро оиди равишҳои гуногуни таълими илмҳо ва оиди ин ки чӣ гуна метавон ин равишҳоро барои баланд бардоштани имкониятҳои хонандагони мо барои омӯзиши илмҳои амалӣ истифода намуд, хеле васеъ кард» - мегӯяд Худоназарова Нозанин, муаллимаи фанҳои табиии литсейи Оғохони ш. Хоруғ. "Ба як тарз, тадқиқот ва амалия хеле хуб бо ҳам оварда шуданд. Ман чизҳои зиёдеро ёд гирифтаам; аммо ҳанӯз ҳам чизҳои бештаре барои ёдгирӣ, иҷро намудан ва мулоҳиза кардан арзи вуҷуд дорад».

Дар айни ҳол, самаранокии семинарҳои рӯ ба рӯ бо омӯзгорон гузаронда барои хонандагон имконияти дар тамос будан бо омӯзгорон дар вақти басташавии мактабҳо дар дарсҳои фосилавӣ кӯмак намуд. "Бо вуҷуди мушкилоте, ки мо дар даврони басташавии мактабҳо дучор мешавем," мегӯяд Карашева Жаннати 13-сола аз мактаби Оғохони шаҳри Оши Ҷумҳурии Қирғизистон, "мо бисёр хушҳолем, ки дар омӯзиши фосилавӣ ҷалб ҳастем ва ба таври фосилавӣ бо муаллимон ва дӯстонамон вомехӯрем".

Барои таъмини он, ки хонандагон сарфи назар аз ваъзият мактабҳо бо сабаби хатари вируси COVID-19, ба таври фосилавӣ идома дода шавад, Хадамоти Оғохон оид ба маориф дар гузаронидани семинарҳои қаблии "рӯ ба рӯ"-ро барои маорифчиён ба тарзи фосилавӣ ба роҳ мемонад.


НИГОҲДОШТИ САЛОМАТӢ ДАР ЛИТСЕИ ОҒОХОН, Ш. ХОРУҒ
17-уми апрели 2020

Ҷаҳон тағйир ёфтааст. Дар аксари кишварҳо пандемияи COVID-19 низомҳои маорифро маҷбур сохт, ки ба омӯзиши фосилавӣ гузаранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон фарқият дорад. Кишваре, ки дар он ҳеҷ мавридҳои мусбати вирус сабт нашудаанд, низом ба таври муқаррарӣ фаъолият мекунад ва мактабҳо кори худро бо таваҷҷӯҳи ниҳоят баланд ба саломатӣ (беҳдошт) ва гигиена идома медиҳанд.

«Имрӯз, дар ҳоле ки тамоми ҷаҳон барои боздоштан ё пешгирии паҳншавии вируси нави COVID'19 мубориза мебарад, мо дар Тоҷикистон мавқеи беҳтареро барои шурӯи кор дорем, вале мо бояд омӯзгорон ва кормандон, омӯзгорони МИК, маъмурият, волидон ва аъзои ҷомеа, ҳамчунин худи хонандагонро дар фаъолиятҳои бехатар ва солим ҷалб намоем. Доштани маълумоти дақиқ дар бораи пешгирии COVID-19 тарсу ҳароси хонандагони литсейи Оғохонро дар атрофи ин беморӣ коҳиш хоҳад дод ва қобилияти онҳоро дар мубориза бо вазъият таҳким медиҳад.” гуфт директори литсейи Оғохон Давлат Худоназаров.

Кормандони маъмурии литсейи Оғохон барои нигоҳубини саломатии хонандагон ва бехатарии фаъолияти мактаб муносибати фаъол ва созандаро пеш гирифтант. Безараркунонии (дезинфекция) мунтазами дастҳо бо истифода аз собун ва оби гарм аз ҷониби хонандагон ва кормандон ҳоло маъмул аст, чуноне ки биноҳои мактаб ҳамарӯза безарар (дезинфексия) карда мешаванд. Ин иқдомот ба хонандагон имкон медиҳад, ки таҳсилро дар муҳити ба ҳадди имкон бехатар идома диҳанд.

Ҳар рӯз дарсҳо бо "хотирнишонкунии 5-дақиқаӣ" барои хонандагон дар бораи муҳимоти гигиенӣ ва меъёрҳои рафторӣ барои пешгирии паҳншавии COVID-19, ки бар маълумоти баррасишуда ва дар сатҳи ҷаҳонӣ тасдиқшуда асос меёбанд, оғоз мешаванд.

Норасоии ашёи муҳими гигиенӣ ва санитарӣ ва мушкилоти ниқобҳои қиммати якдафъаина муаллимон ва кормандони литсейи Оғохон ва МИК-ро водор кард, ки ба таври ризокорона барои дӯхтани ниқобҳои истифодаи чандкарата аз докаҳои 6 қабатӣ омода шаванд. Бисёре аз кормандон вақти худро ризокорона пас аз дарсҳо сарф мекунанд, то ба гуруҳи идоракунӣ кӯмак расонанд, ки мактабро бехатар нигоҳ доранд ва дар айни ҳол қадамҳои амалӣ барои муроқибат аз дигарон анҷом диҳанд.

Дар сурати бадтар шудани вазъият дар Тоҷикистон, литсейи Оғохон барои гузаштан ба омӯзиши фосилавӣ омода аст. Омӯзгорон ва хонандагон барои такмил додани малакаҳои таълим ва омӯзиши фосилавии хеш дар тренинг (омӯзиш) машғуланд ва бо платформаи Google Classroom шинос шуда истодаанд.

«То даме ки вазъият босубот боқӣ мемонад, литсейи Оғохон тамоми кӯшишро ба харҷ хоҳад дод, то амалиёти бехатари рӯ ба рӯ дар баробари дигар мактабҳои Тоҷикистон идома хоҳад дод. Мо боварӣ дорем, ки он чизе, ки мо дар мактаб ба хонандагон меомӯзем, онҳоро водор хоҳад кард, ки тарғибгари рафтори хуби гигиенӣ дар хона ва ҷомеаи худ гарданд, дар бораи иқдомоти муҳими пешгирикунанда оид ба паҳншавии вирус бо дигарон гуфтугӯ ва мубодила кунанд» - афзуд Давлат Худоназаров.

Акс: Пиронова Зарангез


ТАЪЛИМИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ ДАР ЛИТСЕЙИ ОҒОХОН ДАР ТОҶИКИСТОН
2-юми апрели соли 2020

Литсейи Оғохон дар ш. Хоруғи Тоҷикистон ба хонандагон барои омӯзиши санъати тасвирӣ, ба мисли он тасвирҳои зебое,ки дар девор овезон карда мешаванд дида, имкониятҳои боз ҳам зиёдтар фароҳам меорад.

Эҷодкорӣ, моторика, эътимод, беҳбуди амалкарди таҳсил ва омӯзиши аёнӣ танҳо чанде аз хислатҳои муҳим мебошанд, ки хонандагон метавонанд тавассути иштирок дар маҳфили рассомони литсей инкишоф диҳанд.

Маҳфили рассомон баъд аз мактаб хонандагони тамоми синну солро ба эчодкорй бо қаламмуҳо (кисточка) ва рангҳо ташвиқ мекунад. Бисёре аз 20-25 хонандагони синфҳои 0 то синфи 7 дар литсейи Оғохон, шавқу рағбатро дар санъати тасвирӣ дар тӯли дарсҳои ҳатмии расмкашӣ инкишоф додаанд. Дар ҳоле ки дигарон ҳар замоне, ки илҳоми эҷодиашон пайдо мешавад, вориди маҳфил мешаванд.

Маҳфили рассомон аз ҷониби омӯзгори санъати тасвирии литсейи Оғохон Ноёбшоева Зулфия ташкил шудааст ва ба гуфти ӯ, махфил ба хонандагон воситаҳои заруриро барои муваффақ шудан фароҳам овардааст.

Зулфия, ки беш аз 20 сол дар лисейи Оғохон дарс медиҳад, тавзеҳ дод: “Баъд аз кӯшишҳои зиёд болои расмҳояшон, хонандагон сабақ мегиранд, ки сахткӯшӣ ва пойдорӣ самара мебахшанд. Чунин тарзи тафаккур бешубҳа ба рушди онҳо аҳамият хоҳад дошт - алахусус дар давоми касбашон, ҷойе, ки эҳтимолан аз онҳо хоста мешавад, ки ба таври доимӣ маҳоратҳои ҷадидро касбу инкишоф диҳанд ва тавассути лоиҳаҳои душвор кор кунанд”.

Чанд нафар хатмкунандагони литсейи Оғохон дар Тоҷикистон ба касби санъатӣ муваффақ шудаанд”, - гуфт Зулфия. Як хатмкарда дар Душанбе як ширкати хурди тарҳрезии меъморӣ бо номи "Cool Design" (англ.)-ро роҳбарӣ мекунад ва дигаре рассоми китоб аст."

Ҳар сол кормандони литсеи Оғохон намоишгоҳи ҳарсолаи санъати тасвириро барои намоиш додани беҳтарин асарҳои хонандагон ташкил мекунанд. Ин расмҳо аксар вақт ҳамчун тӯҳфа ба меҳмононе, ки ба литсейи Оғохон меоянд, пешкаш карда мешаванд.

Моҳи aвгусти соли 2019 ба хонандагони санъати тасвирӣ фурсате дода шуд, то ки осори ҳунарии худро замони ташрифи Шоҳзода Алӣ Муҳаммад, писари хурдии Волоҳазрат Оғохон ироа кунанд. Яке аз ин хонандагон хонандаи синфи 9 Музаффарова Гулазор буд, ки аз синфи 1-ум дар маҳфили рассомон ширкат доштааст. Ба гуфти ӯ, наққшҳои эҷодкардааш ба ӯ имкон медиҳад, ки “ором ва хушбахт” бошад.

“Махфил таваҷҷуҳи маро ба ҷузъиёти кӯчак беҳтар кард ва [ба ман имкон медиҳад] то усулҳои гуногуни наққошӣ, аз қабили истифодаи пораҳои шиша ва санг биёмӯзам” гуфт Музаффарова, ки осори ӯ дар ҷойҳои дигар дар шаҳри Хоруғ ба намоиш гузошта шудааст. "[Махфили рассомон] ба тафаккури эҷодии ман таъсири мусбӣ расонд ... ман акнун тағйироти бузургро дар ҷаҳонбинии умумӣ ва хусусиятҳои шахсии худам мушоҳида мекунам".

Акс: Пиронова Зарангез


ОМӮЗИШИ СОҲИБКОРӢ ДАР ЛИТСЕЙИ ОҒОХОН, Ш. ХОРУҒ, ТОҶИКИСТОН
2-юми марти соли 2020

Хонандагоне, ки банақшагирӣ ва роҳҳои идоракунии молияро меомӯзанд, аксар вақт ҳамон калонсолоне мешаванд, ки барои зиндагии мустақилона бештар таҷҳиз шудаанд” гуфт Акимбекова Меҳрона, хонандаи синфи 10 ва раиси шубаи иқтисодии созмони хонандагони литсейи Оғохон дар ш. Хоруғи Тоҷикистон.

Мактабҳо барои таълим додани маҳоратҳо ва фанҳое пешбинӣ шудаанд, ки кӯдаконро барои ҳаёти калонсолӣ ва ҷаҳони кор омода мекунанд. Барои бисёре аз хонандагон он чизе, ки онҳо бояд бидонанд, то ба ояндаи худ омода шаванд, тавассути вохӯриҳо ва муҳокимаҳои ҳамсолон ба осонӣ дарк карда мешавад. Бинобар ин, Акимбекова Меҳрона дар синни 16-солагӣ ташаббус нишон дода, дар давраи таътили зимистона бо ҳамсинфонаш ва хонандагони дигари синфҳои 8-10-и дар омӯзиши якҳафтаина оид ба «соҳибкорӣ» гузаронд. Қаблан, Меҳрона, тобистони соли гузашта ин омӯзишро бо “Ташкилоти рушди соҳибкорӣ” (Accelerate Prosperity англ.) бомуваффақият анҷом дод. "Ҳоло ман дар бораи соҳибкорӣ ва тарзи гузаронидани таҳлили бозор дониши амиқтар дорам" гуфт Ӯ. «Ман ва дӯстонам нақшаи тиҷорати хурди фурӯши пуфак ва шоколади гармро дар боғи марказии шаҳри Хоруғ таҳия ва пешниҳод кардем. Дар миёни чизҳои дигар, агар мехостем фоидае ба даст оварем, лозим буд, ки афзалиятҳои онҳоро ба таври комил ҳамаҷониба таҳқиқ кунем”.

Хонандагоне, ки дар барномаи соҳибкорӣ ширкат карданд, муштоқи чизҳое буданд, ки омӯхтаанд ва муҳимтар аз ҳама, арзиши дониши тиҷорате, ки ҷаҳонбинии онҳоро васеъ мекунад ва ба онҳо воситаҳоро барои таҳлили амалгарои (прагматикӣ) интихоби касби ояндаи онҳо медиҳад, таъкид мекунад.


ОМӮЗГОРИ МИК-и ХАДАМОТИ ОҒОХОН ОИД БА МАОРИФ БО УНВОНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2019» МУКОФОТОНИДА ШУД
30-юми январи соли 2020

“Мураббии соли Тоҷикистон-2019” Атомамадова Ангома, омӯзгори Маркази инкишофи кӯдак (МИК) аз Хадамоти Оғохон оид ба маорифи Маркази инкишофи кӯдаки ҳамшафати боғи истироҳатии Хоруғшаҳр мебошад.

Моҳи январи соли 2020 Ангома хабардор шуд, ки вай дар ин озмуни умумикишварӣ ҷои аввалро гирифтаст.

“Ман орзу дорам, ки дастовардҳои сатҳи кишварро ба сатҳи баланди байналмилалӣ расонам. Ман усулҳоеро, ки дар доираи барномаи Маркази инкишофи кӯдак, ки дар Хадамоти Оғохон оид ба маориф истифода мешаванд, эътироф мекунам, ки аз ҷиҳати рушд мувофиқ ва самаранок буда, ба стандартҳои системаи таълими томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат мекунанд», гуфт Ангома.

Озмун аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳамасола дар сатҳи минтақавӣ ва Ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад. Он беҳтарин аз беҳтаринҳоро дар байни муаллимони МИК муайян мекунад - аз миёни онҳое, ки дар деҳаҳои дурдаст ба омӯзгорони таҳсилоти томактабӣ дар шаҳрҳо ва саросари кишвар таълим медиҳанд. Ангома аз байни 5 беҳтарин финалистон интихоб шуд. Вай дар шаш даври арзёбӣ дар соҳаҳои гуногун - маърифатӣ, саводнокӣ, иҷтимоӣ-эҳсосотӣ ва ҷисмонӣ - иштирок кард. Ӯ бояд собит мекард, ки бачаҳо дар ҳар ҷанба рушд мекунанд, ки онҳоро қодир месозад, ки барои таҳсил намудан дар мактаб солим ва омода бошанд. Даври ниҳоии озмун ба Ангома имкон дод, то татбиқи амалии маҳоратҳо ва дониши худро аз тариқи дарсҳои намоишӣ нишон диҳад.

Атомамадова Ангома хатмкардаи Донишгоҳи давлатии ш. Хоруғ, дорандаи ду диплом барои ду ихтисос мебошад: факултаи педагогикаи кафедраи методикаи таълими ибтидоӣ ва факултаи илми биология. Ангома бо таҷрибаи беш аз нӯҳ соли корӣ фаъолияти омӯзгории худро дар Маркази инкишофи кӯдаки Хадамоти Оғохон оид ба маориф дар соли 2017 оғоз кардааст. Ангома мухлиси адабиёти муосир ва классикӣ аст ва бештари вақти фароғати худро бо мутолиаи китоб мегузаронад.


ХОНАНДАГОН ФАСЛИ ТОБИСТОНРО ДАР ДАРСҲОИ АМАЛӢ МЕГУЗАРОНАНД
10-уми январи соли 2020

Фасли тобистон барои хонандагони мактабҳо имкони дур шудан аз мактаб ва баҳра бурдан аз ҳавои тозаи кӯҳии Помир мебошад. Дар ивази ин, 66 нафар хонанда дар ш. Хоруғ фасли таътил-тобистонро, ба таври ризокорона, дар литсейи Оғохон сипарӣ карданд.

Онҳо дар барномаҳои тобистонаи Лаборатироияи созандагон ва Роботсозӣ (Maker's Lab ва Lego Robotics англ.) ширкат варзиданд ва ихтирооти навоваронаи худро аз чизҳои воқеии ҳаёт таҳия карданд.

«Ҳар кас метавонад эҷод кунад», иброз намуданд омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ. "Шумо танҳо бояд рӯҳияи тахайюлӣ, ҳавас ва омодагӣ барои шавқу омӯзиш дошта бошед."

Хонандаи синфи 7-ум Элназаров Ализод дуввумин бор дар ин барнома ширкат кард ва имсол бо як гурӯҳи муҳандисони ҷавон фортепианои коғазии барқӣ сохт.

"Омӯзиш дар бораи маводҳое, ки энергияро интиқол медиҳанд, ба мо имкон дод, ки фортепианои коғазӣ созем, яъне мо метавонем ҳаҷми таҷҳизоти азимро тағйир диҳем, ва он ҳанӯз ҳам самаранок, муфид, мобилӣ ва амалӣ бошад." Ализод бо гуруҳаш ҳамчунин модели сохтори пул (купрук) бо истифода аз сихчаҳои дандонковак сохтанд.

Ин лоиҳа усули сохтореро, ки онҳо дар синфхона биёмӯхтанд, ба кор бурд, ба тавре, ки то тароҳи сабук ва дар айни ҳол қавӣ буд.

Хонандагон бо энергияи рӯшноӣ, схемаҳои коғазӣ, ҳаракати қатъ ва аниматсия кор мекарданд. Онҳо ҳамчунин тавонистанд бо мошини чопии 3D таҷриба гузаронанд.

"Ин барнома як имконияти беназир барои хонандагон барои озмоиш, таҷриба гузарондан, сохтан, кашф ва эҷод кардан бо роҳнамоии касбӣ ва дониши техникии муаллимон мебошад”, гуфт ҳамоҳангсози барнома Раҳимбеков Руслан.

Имсол 11 омӯзгор аз шаҳри Хоруғи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Оши Ҷумҳурии Қирғизистон низ дар ин барномаҳо ширкат карданд, то қобилияташонро барои дар оянда мустақилона идора кардани барномаҳои лабораторияи созанда ва роботсозиро (Maker's Lab ва Lego Robotics) инкишоф диҳанд.

Дар муқоиса бо тобистони соли 2018, теъдоди ширкаткунандагон ба таври қобили таваҷҷӯҳ афзоиш ёфтааст. Ба гуфтаи маъмурон, ин далели он аст, ки хонандагон онро дӯст медоранд. Ин ба онҳо имкон медиҳад, то қобилити эҷодии худро масир диҳанд ва бо истифода аз дониши китобӣ дар лоиҳаҳои амалӣ биомӯзанд.


ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЛИТСЕЙИ ОҒОХОН БО ИШТИРОКИ РАЁСАТИ ҲУКУМАТИ ВИЛОЯТ ВА Ш. ХОРУҒ
19-уми ноябри соли 2019

90% Тоҷикистонро кӯҳҳои баланди барфпӯш фаро гирифтаанд. Тоҷикистон ба баҳр баромад надорад, бо манзараҳои зеботарин иҳота шудааст ва яке аз ҷавонтарин кишварҳои мустақили Осиёи Марказӣ мебошад.

Қаблан дар ҳайати Иттиҳоди шӯравӣ буда, дар соли 1990 Тоҷикистон соҳибихтиёрии худро эълон кард ва пас аз он дар соли 1991 истиқлолиятро ба даст даровард. Моҳи ноябри соли 1994 раъйпурсӣ оид ба қабули Сарқонуни нав ва интихоби Раиси Ҷумҳурии Тоҷикисон баргузор гардид. Конститутсия таъсиси давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро эълон мекунад.

Дар Рӯзи Конститутсия дар Тоҷикистон маросими расмии парчамбардорӣ баргузор мешавад. Мардум рӯзи истироҳат доранд ва як шумор чорабиниҳои идона ташкил карда мешаванд.

Имсол литсейи Оғохон дар ш. Хоруғ ташаббусро ба ӯҳда гирифта, раиси вилоят мӯҳтарам Ёдгор Файзов ва раиси шаҳри Хоруғ мӯҳтарам Кишвар Шамириро даъват кард, то дар таҷлили ҷашни Рӯзи Конститутсия дар мактаби нав таҷдидшуда (аз таъмири пурра гузашта) иштирок кунанд.

Ба монанди аксари идҳои дигар дар Тоҷикистон, ин ҷашни рангоранг низ бо рақсу сурудҳои зебои суннатӣ, ки аз ҷониби хонандагон ва омӯзгорони мактаб ташкил карда шуд, ҳамроҳ буд.

Ин рӯзи ид фурсате барои литсейи Оғохон шудааст, то талошҳои муштарак ва ҳамкории доимӣ бо ҳукумати маҳаллро қадрдонӣ кунад. Ноил шудан ба таҳсилоти босифат барои кӯдакон ва дар айни ҳол таъмини фарогирӣ ва баробарӣ ва пешбурди имкониятҳои омӯзиши доимӣ барои ҳама бахше аз ӯҳдадориҳои мактаб мебошанд.

«Имрӯз мо 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем. Конститутсияи давлатӣ беҳтарин роҳи тарбияи мардуми Тоҷикистон дар рӯҳияи арзишҳои миллӣ мебошад. Литсейи Оғохон яке аз мактабҳои ВМКБ мебошад, ки дастури Сарвари давлатро оид ба фароҳам овардани шароит ва имконоти мувофиқ барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ, дар ин минтақа бомуваффақият дар амал татбиқ менамояд. Рушди фарзандонамон дар заминаи инкишофи барвақт ва босифати кӯдак, дар ҳоле амалӣ мешавад, ки на танҳо шароити муосир ва шароити хуб дар мактаб вуҷуд доранд, балки методикаи муносиб ва раванди таълими пешрафти касбӣ ба рушди кишвари мо дар умум мусоидат хоҳанд кард, низ мавҷуданд», иброз дошт Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон.


ДАР РАСОНА: МАҲФИЛИ РАМЗГУЗОРӢ MakeIt
3-юми июни соли 2019

Маҳфили рамзгузории компютерии MakeIt, ки дар соли 2016 ба кор шурӯъ кард, ягона барнома дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки таҳияи барномаҳои мобилиро ба кӯдакони мактабхон таълим медиҳад.

Ин маҳфил дар айни замон дар ду мактаби Хадамоти Оғохон оид ба маориф ироа мешавад: яке дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистон ва дигаре дар шаҳри Оши Қирғизистон. Тавассути як қатор муаммоҳои рамзгузории интерактивӣ, хонандагон дар синфҳои 6-8 асосҳои таҳияи барномаҳои мобилиро ҳангоми рушди ҳалли мушкилот ва эҷодиёти худ меомӯзанд.

Бо истифода аз App Inventor, хонандагон имкон доранд, ки маҷмӯаҳоеро аз барномаҳо эҷод кунанд, ки метавонанд онҳоро ба телефонҳои худ интиқол диҳанд ва ҳар кадоми онҳо дорои функсияи устувор ҳастанд. Хонандагон ҳамчунин дар таҳқиқоти мавридҳои воқеии муносибшуда иштирок мекунанд, ки дар онҳо роҳҳои ҳалли технологиро ба масъалаҳои маҳаллӣ аз қабили нақлиёт, соҳаи тандурустӣ ва рафъи офатҳои табиӣ муҳокима мекунанд. Барнома бо як лоиҳаи ниҳоӣ ба анҷом мерасад, ки дар он ҳар як хонанда барномаи мобилиро барои ҳалли мушкилот дар ҷомеаи худ таҳия ва татбиқ мекунад.

Барои маълумоти иловагӣ нигаред дар ин сомона: http:// MIT App Inventor


МАРКАЗИ ЗАХИРАВИИ ИНКИШОФИ КӮДАК ДАР Ш.ХОРУҒ, ТОҶИКИСТОН СЕМИНАРРО ОИДИ ВАСИЛАҲОИ АРЗЁБИИ МУТОБИҚШУДАИ МИК МЕГУЗАРОНАД
19-уми декабри соли 2018

Дар моҳи ноябри соли 2018 аъзоёни гуруҳи мониторинг, арзёбӣ ва омӯзиши Маркази инкишофи кӯдак, ки аз ҷониби Хадамоти Оғохон оид ба маориф даъват гардидаанд, таҳти роҳбарии доктор Пента Холин, мушовир бо таҷрибаи чандин даҳсола дар соҳаи психологияи рушд, арзёбии кӯдакон, тарҳрезии системаҳо ва арзёбии натиҷаҳо ҳамоиш доир карданд.

Гуруҳи номбурда намояндагиро аз ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), Хадамоти Оғохон оид ба маориф, Филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии рушди касбии омўзгорон (ФДҶРКО) ва Хадамоти тандурустии Оғохон (AKHS TJ англ.) иборат буд.

"Ман боварӣ дорам, ки ин дастур барои кори омузгорони МИК як раҳнамои хуб ва муҳими арзёбии қобилиятҳои ҳаматарафа инкишофёбандаи кӯдакон мегардад,” - мегӯяд Вафобек Темурбеков, сармутахассиси Раёсати маорифи ВМКБ. Инчунин ӯ афзуд, ки "ба МИК ҷалб намудани омӯзгорон аз ҳисоби мардони маълумоти олии педагогӣ дошта, иқдоми саривақтӣ мебошад."

Мақсад аз семинари якҳафтаина оғоз намудани раванди мунтазами мониторинги омӯзиши кӯдакон тавассути таҳияи раванди муносибшудаи арзёбӣ мебошад, ки метавонад ба марказҳои хусусии МИК, кӯдакистонҳои давлатӣ ва марказҳои ҷомоатии МИК дар саросари Тоҷикистон кӯмак расонанд. Василаҳо пилотӣ хоҳанд буд ва баъдан дар 25 барномаи вилоятҳои Хатлон ва ВМКБ ҷорӣ ва мавриди амал қарор хоҳанд гирифт. Маркази захиравии МИКи Хадамоти Оғохон оид ба маориф мустақар дар шаҳри Хоруғ, ҳамоҳангсози ин амал хоҳад шуд. Василаҳо дар рушд ва афзуншавии солими бахши МИК дар Тоҷикистон хеле муҳим мебошанд, чун онҳо барномаҳои хуб тадқиқшуда, низоми андозагирии самарабахши рушди кӯдакмарказӣ ва пешрафти фардии кӯдакро эҷод мекунанд. Мониторинги системавии натиҷаҳои пешрафти кӯдак ва татбиқи барнома дастрасиии иноваттсионӣ барои омӯзгорон ва роҳбарони барномаҳои МИК-ро дар саросари кишвар таъмин хоҳад намуд.

Натиҷаҳои ин усулҳои арзёбӣ метавонанд ба Стратегияи миллии Тоҷикистон барои идома додани таҳияи барномасозии сифатии МИК имконият фароҳам оранд. Онҳо платформаи ҳамаҷонибаи ҳамоҳангсозӣ ва тарҳи синергесикиро таъсис хоҳанд дод, ки дар онҳо ташкилотҳои ғайридавлатӣ, аз қабили Хадамоти Оғохон оид ба маориф ва ЮНИСЕФ, метавонанд нисбати иҷрои дурнамои ҳукумати кишвар оиди таҷоруби солим ва мусбӣ дар бахши МИК кӯмаки амалии хешро расонанд. "Ин василаҳо ҳамаи тарафҳои рушди барвақти кӯдаконро арзёбӣ менамоянд," - гуфт Лоҷвар Туфалонова, сардори Маркази захоири МИК дар Тоҷикистон. "Мо умедворем, ки ин системаҳои арзёбӣ ба мо имконият хоҳанд дод, ки донишҳои муштаракро ба даст орем, то ки битавонем ҳаёти кӯдаконро дар саросари Тоҷикистон беҳбуд бахшем."

Аз ҷониби Саҳар Иброҳим навишта шудаст


РОҲАНДОЗИИ АВВАЛИНИ БАРНОМАИ ЛАБОРАТОРИЯИ СОЗАНДА (MAKER’S SPACE) ДАР ВМКБ ДАР ЛИТСЕЙИ ОҒОХОНИ ШАҲРИ ХОРУҒ, ДАР ҲАМКОРӢ БО ДОНИШГОҲИ СТЭНФОРД
28-уми ноябри соли 2018

Хадамоти Оғохон оид ба маорифи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Шӯрои миллӣ барои Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Бунёди Оғохони ИМА ва Донишгоҳи Стэнфорд, дар Литсейи Оғохон дар ш. Хоруғ аввалин барномаи «Маker's Space» дар Тоҷикистон оғоз намуд.

Дар тӯли беш аз ҳафт ҳафта, хонандагони синфҳои 6-ум бо ду донишҷӯи факултаи муҳандисии Донишгоҳи Стэнфорд дар омӯзиши ҳалли эҷодкорона ва таҷрибавӣ ба мушкилот дар илм, технология, муҳандисӣ, санъат ва риёзӣ (STEAM) кор карданд. Дар таҳияи аксарияти лоиҳаҳо аз маводҳои маҳаллӣ истифода карданд.

Файт Ҳаррон, яке аз фасилитаторҳо аз Донишгоҳи Стэнфорд, дар суханронии хотимавии худ дар маросими супурдани шаҳодатномаҳо тавзеҳ дод: "Барномаи Maker’s Space эҷодкориро ташвиқ мекунад ва ба шумо дар омӯхтани маҳоратҳои тафаккури интиқодӣ кӯмак мекунад ... Эҷодкорона тафаккур кардан ин аст, ки чӣ гуна роҳи ҳали ҷадидро барои мушкилоти кунунӣ эҷод мекунед”.

Бо аввалин принтери 3-D дар минтақа дар литсейи Оғохон ва технологияи воқеияти виртуалӣ, хонандагон ба манобеъ ва технологияҳо дастрасӣ пайдо мекунанд, ки тасаввуроту тахайюлоти онҳоро дар раванди омӯзиши онҳо аз тариқи ҷустуҷӯ ва пурсиш васеъ мекунанд.

Бибиҷон, яке аз ширкаткунандагони ин барнома тавзеҳ дод: «Мо панирро дар нон бо истифода аз танӯре, ки аз алюминий ва мақво сохтем, тайёр намудем». «Нон бо панир бисёр хушмазза омад ва онро тавассути энергияи устувори мустақиман аз офтоб омада истифода тайёр намудем. Шояд битавонем дар хона низ аз он истифода кунем."

Барнома фаъолиятҳое монанди аксбардорӣ аз масофаи дур, танӯрҳои офтобӣ, аксбардории қатъӣ, тарроҳии манзараи воқеияти виртуалӣ ва сохтани проекторҳои телефонӣ дар бар мегирифт. Мақсади аз ин фаъолиятҳо ин ташаккул додани тафаккури эҷодӣ буд, ки хонандагон ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои ниҳоии худ касб мекарданд.

"Ин барнома сатҳи дониш ва заминаи хонандагонро дар соҳаи илм васеъ мекунад" гуфт Нағзибекова Рухмина, хатмкардаи литсейи Оғохон ва ҳамоҳангсози барномаи ташаббуси Maker's Space. Рухмина ҳоло дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) таҳсил мекунад ва ин вазифаро дар чаҳорчӯби таҷрибаомӯзии тобистонаи кооперативии худ иҷро мекунад. Ӯ дар омодасозӣ ва тарҷумаи барномаи дарсии Makers’ Space ба забони русӣ нақши муҳимеро дошт. "Вақте ки ман дар мактаб [дар литсейи Оғохон] таҳсил мекардам, дар рафти омӯзиши дарсҳои дақиқ чизҳои зиёдеро омӯхтем, аммо мо ҳеҷ гоҳ чунин имконият надоштем, ки воқеан чизе ки онро дар давоми дарс омӯхтем, дар амал татбиқ кунем." Қисми масъулияти ҳамоҳангсозони барнома, донишҷӯёни донишгоҳи Стэнфорд, ки дар доираи имкониятҳои хидматрасонии ҷамъиятии Кардинал Квартер интихоб шудаанд, аз тамрин ва омӯзиш додани муаллимони литсейи Оғохон ва мактаби Оғохон аз ш. Оши Ҷумҳурии Қирғизистон иборат буд. Мувофиқи нақша баъди ин омӯзиш омӯзгорон минбаъд барномаи Maker’s Spac-ро дар давоми соли хониш ҳамчун қисми барномаи таълимӣ пешниҳод карда мешавад.

Хонандагон лоиҳаҳои ниҳоӣ ва тамоми ихтирооташон, ки бо истифода аз дониши ҷадиди худ баҳри бахшидани таъсири мусбӣ ба беҳбудии диёрашон омода сохтанд, ба намоиш гузоштанд. Лоиҳаҳо сохтмони хонаҳои пиронсолон бо чароғҳои офтобӣ муҷаҳҳаз шуда, велосипедҳои (дучарха) тавлидкунандаи барқ ва бисёр чизҳои дигарро дар бар мегирифтанд. Дар давоми намоиши лоиҳаҳо ба толори намоишгоҳи барнома меҳмонон аз ҳисоби волидони хонандагон ва аъзоёни ҷомеа даъват карда шуданд. Меҳмонон бо хонандагон сӯҳбат дар гирди лоиҳаҳои ва муҳимияти онҳо барои ҷомеаашон намуданд.


350+ КИТОБ ДАР 30 РУЗ
12-уми Октябри соли 2018

Толибаи литсейи Оғохон дар озмуни милии китобхон ҷои аввалро ишғол намуд.

Ба ҷуз аз китобҳое, ки шумо бояд дар мактаб бихонед, шумо ҳар моҳ чанд китоб мехонед? Як? Шояд ду? Бештар аз 350 чӣ?

Барои Мижгона Давлатова ин як ҳодисаи ғайриоддӣ нест; балки ин комёбие аст, ки вайро дар озмуни ҷумҳуриявии (миллии) Библиомарафон, ки дар давраи таътили тобистона дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба гирифтани ҷои аввал расонд.

Ҳамчун қисмати мусобиқа, хонандагон бар асоси теъдоди китобҳои хондашуда ва санҷиш оид ба мундариҷаи баъзе аз китобҳо, ки аз ҷониби ҳайати комиссия гузаронида мешавад, баҳогузорӣ карда мешаванд.

Ширкаткунандагон феҳристи китобҳое, ки мутолиа кардаанд ба ҳайат пешниҳод карданд, ки он бояд порчаҳо аз адабиёти классикии тоҷику форс, муаллифони муосир, ки Ватанро тавсиф мекунанд ва ҳадди ақал чаҳор китоб дар бораи таъриху фарҳанги Тоҷикистонро дар бар гирад.

"Ман китобро мутоила мекунам, зеро он ба ман имкон медиҳад, ки ба ҷойҳои нав ва гуногун сафар кунам" гуфт Мижгона. "Ман фикр мекунам, ки ҳар як хонандаи литсейи Оғохон бояд имкон дошта бошад, ки тамоми китобҳое, ки ман хондам, бихонад."

Мижгона пас аз гирифтани ҷойҳои якум ва дуввум дар сатҳҳои шаҳрӣ ва вилоятӣ, ҷавонтарин иштирокчии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ гардид. Вай садҳо китобро ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мутолиа кардааст ва номи китоби дӯстдоштааш, ки аз тоҷикӣ тарҷума шудааст “Чор дарвеш” мебошад. Вай аз китобхонаи шаҳри Хоруғ, китобхонаи литсейи Оғохон ва ҳамаи дигар китобҳои дарёфткардааш истфода мекунад ва аз онҳо баҳра мебарад.

Роҳбари бахши забони англисӣ дар литсейи Оғохон Наврузбекова Сайлӣ гуфт:«Мо аз ӯ бисёр ифтихор мекунем ва мутаассирем ва ҳамчунин бо афзоиши донишаш аз ӯ хоҳем омӯхт».

Мижгона илова бар як китобхони хуб будан, ҳамчунин ғолиби мусобиқаҳо аз намуди шоҳмот ва хонандаи синфи ҳафтуми гуруҳи забони таълимиаш тоҷикии литсейи Оғохон мебошад.

Муборак бошад, Мижгона!

Акс/Ҳикояи аз ҷониби Саҳар Иброҳим омода шудааст.


МУАЛЛИМИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ РУС ҒОЛИБИ ОЗМУНИ МИЛЛӢ ГАРДИД
06-уми феврали соли 2018

Мастибекова Нигина, омӯзгори фанни забон ва адабиёти руси литсейи Оғохон дар ш. Хоруғ, ба озмуни миллии таълими забони русӣ, ки дар шаҳри Маскави Русия баргузор гардид, интихоб гардид.

Моҳи майи соли 2017 дар ин озмун беш аз 200 омӯзгор аз саросари Тоҷикистон, аз ҷумла ду омӯзгори литсейи Оғозон ширкат карданд. Ҳар як муаллим навори дарсе, ки тадрис карда буд, ҳамроҳ бо мақолае дар мавриди таҷрибаи дарсии худ пешниҳод кард.

Баъдан пешниҳодҳо аз ҷониби ҳакамони салоҳиятдор дар Маскав мавриди арзёбӣ қарор гирифтанд, ки дар миёни онҳо омӯзгорони барҷаста аз муассисаи давлатии забони русии Русия низ ҳузур доштанд. Дар маҷмӯъ 65 нафар омӯзгор ба шаҳри Душанбе барои иштирок дар баҳсҳои мизи мудаввар дар мавриди тадрис даъват шуданд. Дар ин ҳамоиш Нигина Мастибекова ва 9 омӯзгори дигар интихоб шуда, соҳиби дипломи таълимдиҳӣ шуданд, ки дар Маскав тақдим хоҳад шуд.

Дар Москва он 10 ғолиб дар конференсия ширкат карданд, ки дар он идеяҳо дар мавриди дастур, амалия ва педагогикаи хуб баҳс ва мубодилаи афкор намуданд. Нигина аз таҷрибаи худ нақл карда, гуфт: “Сафар ба Маскав маро на танҳо бо шаҳр, балки бо таъриху фарҳанги Русия низ ошно кард. Конфронс дар бобати баланд бардоштани сифати таълими забони русй боз як такони дигар гардид. Ман бисёр усулҳои нав ва мусбати таълимиро касб кардам».

Нигина фанни забони ва адабиёт русиро барои синфҳои 7-11 дарс медиҳад. Пас аз бозгашт аз Москва, ӯ омӯхтаҳои худро бо муаллимони дигар ва ҳамчунин бо хонандагонаш дар миён гузошт. Дар натиҷа, шогирдони ӯ акнун дар озмуни байналмилалии адабиёти русии маҷозӣ ширкат мекунанд, ки арзиш ва аҳамияти забони русиро бештар тарғиб мекунанд.

Озмуни миллии таълими забони русӣ аз ҷониби Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) дар ҳамкорӣ бо намояндагии башардӯстонаи Русия-Тоҷикистон ва бо дастгирии Фонди ҷамъиятии умумирусиягии Хазинаи миллии хайрия ташкил карда шуд.

Хадамоти Оғохон оид ба маориф дар Тоҷикистон дар таъмини мустақими таҳсилоти босифати кӯдакони аз 3 то 18 сола фаъолона ширкат мекунад. Барномаи дарсӣ бо се забони омӯзишӣ ироа мешавад, ки забони англисӣ, русӣ ва тоҷикиро дар бар мегирад, то ба ба рушди гуногунзабонӣ мусоидат намояд. Хадамоти Оғохон оид ба маориф ба рушди касбии омӯзгорон аз тариқи такмили ихтисос дар муассиса кумак мекунад. Ҳамчунин, он дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои омӯзишии давлатӣ барои дастгирӣ дар дастрасии таълимоти босифат дар манотиқи дурдаст ва деҳот ва пешниҳоди стипендияҳои шоиста ба хонандагон аз табақаҳои гуногун ва дарканормонда мусоидат мекунад.


ФОРУМИ ОМӮЗГОРОНИ МАКТАБИ ОҒОХОН ДАР Ш. ОШ, БАРНОМАИ ИМДОДИ ОМӮЗИШӢ (OUTREACH) ДАР НОРИНИ ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН
20-уми октябри соли 2017

Рӯзҳои 24 ва 25 августи соли 2017 Барномаи дастгирии омӯзиши кумакрасонӣ (LSP) Форуми омӯзгоронро дар Норин ташкил намуд. Дар он 31 нафар иштирокчиён аз деҳаҳои Норин, Мактаби Оғохон дар ш. Ош ва Тоҷикистон ширкат карданд.

Ҳадаф ин буд, ки имкониятҳо барои муаллимони забони англисӣ, риёзӣ ва технологияи иттилоотӣ фароҳам оварда шаванд, то битавонанд беҳтарин таҷрибаи кори худро барои пешрафти шахсӣ ва касбӣ бо ҳам дар миён гузоранд.

Аз соли 2015 инҷониб Форуми омӯзгорони Барномаи дастгирии омӯзиши кумакрасонӣ як имконияти такмили ихтисос мебошад, ки ҳар сол дар вилояти Норин баргузор мешавад. Ҳар сол конфронс имкониятҳоро барои муаллимон, мудирон, роҳбарон ва намояндагони шӯъбаҳои маориф фароҳам меоварад, то дар мавриди такмили доимии ихтисос ва роҳҳои барои самараноктари роҳнамоии хонандагон ба муваффақиятҳои бештар баҳс кунанд. Дар рафти конфронсҳо ширкаткунандагон оиди фаъолияти гузашта ва ҳозираи омӯзгорон, тарафҳои қавӣ ва он тарафҳое, ки беҳбудиро талаб мекунанд, ва имкониятҳои инфиродии такмили ихтисосро, ки аз омӯзиши доимӣ ва такмили ихтисоси онҳо дастгирӣ мекунад, баҳс мекунанд. Форум макони баҳамоӣ, мубодилаи манобеъ, дарёфти фикру мулоҳизаҳо дар бораи ғояҳои лоиҳа ва таҳияи нақшаҳо ва стратегияҳои лоиҳа барои беҳбуди бештару минбаъдаи корашон мебошад.

Ҳадафҳои дарозмуддати Форуми омӯзгорон ин мусоидат намудан ба баланд бардоштани сатҳи таҳсилоти хонандагони мактабҳои вилояти Норин мебошад. Ин тавассути ҳавасмандгардонии маорифчиён дар соҳаҳои касбии зерин мебошад:

Таълим ва омӯзиш: баланд бардоштани маърифати касбӣ ва таъмини дастгирии омӯзгорон

Муошират: тақвият бахшидан ба иртибот байни мактаб ва шӯъбаҳои маорифи ноҳия.

Роҳбарӣ: пешбарӣ ва дастгирӣ аз муаллимон ва роҳбарияти мудирият дар дохили мактаб ва берун аз он.

Кумакрасонӣ: таъсиси робитаҳо байни мактаб, ҷомеа ва шарикон.

Нақши ҳамкорӣ дар суханронии директори шуъбаи маорифи Норин Казимбек Мамитов таъкид гардид. Вай изҳор дошт, ки такмили ихтисос аз тариқи барномаи имдод дар таълим (LSP) ба муаллимон дар такмил додани стратегияи корашон, мониторинги натиҷаҳо ва пешрафт, ва дар ҳавасманд кардани хонандагон ба таҳсил дар донишгоҳ кӯмак мекунад.

Ширкаткунандагони форум аз суханронии хатмкардагони барнома Ноғойбоев Нурлан, ки дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) таҳсил мекунад, илҳом гирифтанд. Вай гуфт, ки устодаш Ҷапарқулова Гулмира ба ӯ фаҳмише аз фанни риёзиёт додааст, ки дар ҳаёти ӯ таъсири шигифтангезе гузоштааст. Ӯ муваффақияти худро дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) ба барномаи мо нисбат медиҳад, зеро риёзиёт дар имтиҳонҳои дохилшавии ӯ бисёр муҳим буд ва ин муваффақияти ӯ боиси гирифтани идрор гардид, ки 95% маблағи таҳсили ӯро пардохт менамояд.

Ҳамоҳангсозон Наталя Дерябкина аз Қирғизистон ва Абдулҷон Азизуллоев аз Тоҷикистон пешрафти кор, фаъолиятҳои ташкилшуда ва натиҷаҳоро баррасӣ карданд. Пас аз ин суханрониҳо, омӯзгорон семинарҳо ва дарсҳои намоишии худро муаррифӣ намуда, баъдан ба баҳсу гуфтугӯ пардохтанд.

Рӯзи дуюм бо ироаи мавзӯъҳо «Тафаккури интиқодӣ дар риёзӣ» ва «Иншонависӣ» оғоз ёфт. Мавзӯъҳо аз ҷониби профессорҳои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) муаррифӣ шуданд ва ҷаласаҳо дар бахшҳои: муқаддима, лексия, амалия ва баҳс ташкил карда шуданд.

Омӯзгорон семинарҳои аҷиби омодашудаи худро бо муносибатҳои навоварона дар кор дар забони англисӣ, технологияи иттилоотӣ ва риёзиёт идома доданд. Ду тренери ботаҷриба Клара Казаковна дар фанни риёзиёт ва Абдулҷон аз фанни забони англисӣ баррасии мавзӯъҳо ва семинарҳоро роҳбарӣ ва назорат мекарданд.

Дар фарҷоми Форум, Наталя натиҷагириҳоро муаррифӣ намуд ва 21 нафар омӯзгори беҳтарин барои корашон дар ин лоиҳа соҳиби сипосномаҳо гаштанд. Пас аз он, ҳамоҳангсозон дар беруни бино фаъолиятҳои «тим-билдинг»-ро ташкил карданд, ки ба ҳамдигар наздиктар шинос шуданро кӯмак кард. Ширкаткунандагон гуфтанд, ки ин як таҷрибаи шигифтангез ва рӯҳбаландкунанда буд!

Натиҷаҳо:

  • Шабакабандӣ ва ҳамкорӣ бо шӯъбаҳои маориф, муаллимони мактабҳои таҷрибавӣ, муаллимони литсейи Оғохон, аз Ош ва деҳоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
  • Тақвияти нақш ва мақоми барномаи пуштибонии омӯзиш (LSP)
  • Баҳс ва омӯзиш дар мавриди навоварӣ дар раванди омӯзишӣ бо таҷрибаи амалӣ аз тариқи семинарҳо, намоишҳо ва дарсҳо
  • Пешбурди кумакрасонӣ ва ҳадафи он барои ташвиқи пешрафт дар хонандагон, бахусус дар идомаи таҳсили онҳо дар Донишгоҳҳои бонуфуз, аз қабили Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ)

Дар фарҷоми Форум омӯзгорон нақшаҳои стратегиро барои соли таҳсили оянда бар асоси афкори хеш ва амалкарди соли қаблӣ пешниҳод карданд. Ба таври куллӣ, форум як муваффақияти бузург буд!


МАЪЛУМОТ: ХОНАНДАГОН ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ АЗ ТАРИҚИ РАМЗГУЗОРӢ ТАҲСИЛ МЕКУНАНД
18 –уми июли соли 2017

Мактаб метавонад як макони динамикии омӯзиш бошад, ки дар он ба ғайр аз омӯзиши барномаи расмии таълимӣ дар соатҳои муқарраршуда, хонандагон метавонанд маҳоратҳои дунёи воқеиро бунёд кунанд, ки потенсиали худро барои муваффақияти дарозмуддат инкишоф диҳанд.

Бо дар хотир гирифтани ин биниш, Хадамоти Оғохон оид ба маориф дар Осиёи Марказӣ моҳи октябри соли 2016 як барномаи ҷадиди рамзгузории пас аз таҳсили мактабиро оғоз кард. Клуби рамзгузории компютерии MakeIt айни замон дар ду мактаби Хадамоти Оғохон оид ба маориф: яке дар шаҳри Оши Қирғизистон ва дигаре дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистон барои хонандагони синфҳои 6 то 10 фаъолият мекунад. Қабл аз шурӯи барнома, муаллимони Хадамоти Оғохон оид ба маориф аз рӯи дастурамали барномаи дарсӣ таълим гирифтаанд, ки платформаи code.org-ро истифода мебарад ва се мавзӯъро дар бар мегирад: маҳоратҳои асосии компютерӣ, таҳияи барномаҳои асосии мобилӣ ва баъзе мафҳумҳои пешрафта.

MakeIt бо мақсади ба ҷолишҳо кашидани хонандагон барои ҳалли мушкилот ва пешниҳоди ҳалли инфиродӣ ва гурӯҳӣ созмон дода шудааст; хонандагон маҳоратҳои мухталиферо берун аз рамзгузорӣ аз қабили ҳалли мушкилот, кори дастаҷамъӣ ва малакаҳои забони англисӣ омӯхтаанд. Ҳамон тавре, ки яке аз хонандагон мегӯяд: «Агар ба гузашта нигоҳ кунам, ҳаргиз пешбинӣ карда наметавонам, ки ин қадар масъалаҳои душворро ҳал хоҳам кард» (Маматалиев Акжол). Писарону духтарон дар барномаи рамзгузорӣ ҳам дар мактаби Оғохон дар ш. Ош ва ҳам дар литсеи Оғохон мушорикати мусовӣ нишон доданд. Ин талош барои тақвият додани ду барномаи таълимии мактабҳои Осиёи Марказӣ дар чунин заминаҳо, ба монанда илм, технология, муҳандисӣ ва риёзиёт. Як хонанда аз шаҳри Хоруғи Тоҷикистон гуфт: “Вақте ман ба клуби рамзгузорӣ шомил шудам, фикр кардам, ки омӯзиши компютер барои ман душвор аст, балки бештар барои писарон мувофиқ аст. Дар ибтидо мушкил буд, аммо замоне ки ба тафаккури амиқтар ва диққат додан ба қоидаҳо шурӯъ кардам, он бароям ҷолиб гардид ва ман дакр кардам, ки аз ӯҳдаи вазифаҳоям баромада метавонам ” (Зӯҳро Азорабекова).

Омӯзгорон низ аз ин барнома ёд гирифтаанд, аз маҳоратҳои нави компютерӣ ва аз дидгоҳҳои гуногун дар таълиму омӯзиш баҳраманд шудаанд. Қаблан, агар хонанда барои дарки мафҳум мушкилие дошт, муаллимон маҷбур мешуданд, ки фавран ба онҳо ҷавобро нишон диҳанд. Бо ин ҳол, рамзгузорӣ аз ҳама самаранок дар ҳоле мебошанд, агар хонанда худаш роҳи ҳалли мушкилиро пайдо кунад, ҳатто агар онҳо дар талоши нахустини худ ноком бошанд. Муаллимон бояд бифаҳманд, ки ба ҷои нишон додани посух, аз хонандагон саволҳои аслӣ бипурсанд. Ин тағйир таъсири мусбате бар равобити онҳо бо хонандагон дошт: «Ин барнома моро ба шогирдонам наздиктар мекунад; мо онҳоро беҳтар мефаҳмем ва онҳоро аз тариқи призмаи рамзгузорӣ мутафовут мебинем» (Дерябкина Н. А).

Дар минтақаи дурдаст ва кӯҳистон будан, қатъи нерӯи барқ аксар вақт боиси таъхир дар соли таҳсил мешуд. Вақти ғуруби барвақти офтоб дар тӯли зимистон низ ба далели коҳиши бехатарӣ дар истифодаи нақлиёт барои ба хона расидан дар торикӣ як чолиш аст. Вале, ҳатто дар чунин шароит, хонандагон бо катҳои (палто) зимистона дар бар баъд аз дарс мемонданд ва рӯи коғаз ва дар нури шамъ рамз менавиштанд. Хонандагон каме медонистанд; ин таҷриба дар синфҳои пешрафтаи улуми компютерӣ истифода бурда мешавад, то хонандаро ба чолиш бикашад то амиқтар оиди кори худ фикр кунад. Аз тариқи ин барнома хонандагон қобилиятҳои ҳаматарафа нишон доданд: "Ин махфил ба ман имкон медиҳад, ки дар бораи худам, тавоноҳиоям ва корҳое, ки метавонам анҷом диҳам бештар биомӯзам." (Алиева Айтунук)

Аз ибтидо, MakeIt барои ба ҳавасманд намудани хонандагон на фақат дар ҳавзаи рамзгузорӣ, балки барои саҳмгузорӣ ба ҷомеаи онҳо тарҳрезӣ шуда буд. Барои ширкат варзидан дар барнома хонандагон бояд дар варақаи дархости бошгоҳ, ки чӣ гуна метавон аз ин таҷриба барои рушди ҷомеаҳои худ истифода кард, тавзеҳ медоданд. Яке аз хонандагон дар бораи эҷоди як вебсайте барои омӯзиши мардум дар мавриди зодгоҳашон Хоруғ навишт. Дигаре пешниҳод кард, ки як барномаи мобилӣ барои пайваст кардани афроди даргири бемориҳо ба монанди саратон мебошанд, бо ҷомеаи пуштибон пешниҳод намуд. Дар поёни барнома, хонандагон масъул буданд лоиҳаи ниҳоиро пешниҳод кунанд, ки маҳоратҳои азхудкардаашро барои ҳалли мушкилот дар ҷомеаи худ татбиқ мекунад. Бархе аз хонандагон аллакай дар худи барнома ёрдамчии омӯзгор шуданд.

Пас аз соли аввали бомуваффақият, ин барнома ба унвони намуна барои таъсиси дигар махфилҳои баъд аз мактабӣ хидмат мекунад, ки метавонад ба хонандагон кӯмак кунад то маҳоратҳои мувофиқро инкишоф диҳанд.


СОХТМОНИ МАРКАЗИ ИНКИШОФИ КӮДАК КУДАКОНИ ЛИТСЕЙИ ОҒОХОН
10-уми январи соли 2017

Ҳадаф аз сохтани Маркази инкишофи кӯдак дар назди литсейи Оғохон фароҳам кардани омӯзиш дар таҳсилоти барвақт барои 175 кӯдак аз 3 то 6 сола хоҳад буд.

Ин сохтмон бар асоси стандартҳои байналмилалии бехатарӣ, аз ҷумла аз ҷиҳати сейсмикӣ (заминларзӣ) бехатар сохта хоҳад шуд. Ин сохтмон дар се ошёна бо фазои омӯзишии дорои сифати баланд мебошад тарҳрезӣ шудааст. Бино таҷрибаҳои беҳтарини ҷаҳониро дар МИК инъикос мекунад. Омӯзгорон ва ёварони маҳаллии хуб таҳсилгирифта дар он ҷалб шудаанд, ки таносуби кӯчакеро миёни омӯзгорони муносиб ба синну сол ва кӯдакон барои муошират пешниҳод мекунад.


МАРКАЗИ ЗАХИРАВИИ ИНКИШОФИ КӮДАКИ ВОҚЕЪ ДАР БОҒИ ИСТИРОҲАТИИ ШАҲРИ ХОРУҒ
9-уми январи соли 2017

Маркази захиравии инкишофи кӯдаки боғи истироҳатии шаҳри Хоруғ ба унвони як маркази манбаи минтақавии Шабакаи Оғохон оид ба рушд барои таъмини таҳсили солҳои барвақт дар Осиёи Марказӣ хидмат хоҳад кард.

Ин сохтмон бар асоси стандартҳои байналмилалии бехатарӣ, аз ҷумла аз ҷиҳати сейсмикӣ (заминларзӣ) бехатар сохта хоҳад шуд. Ин сохтмон дар ду ошёна бо фазои омӯзишии дорои сифати баланд мебошад тарҳрезӣ шудааст. Бино таҷрибаҳои беҳтарини ҷаҳониро дар МИК инъикос мекунад. Муаллимон ва ёварони маҳаллии хуб таҳсилгирифта дар он ҷалб шуданд, ки таносуби кӯчакеро миёни муаллимони муносиб ба синну сол ва кӯдакон барои муошират пешниҳод мекунад. Илова ба дарсҳои ҳаррӯза барои 100 кӯдаки 3-6 сола, фазоҳое ба барномаҳои волидону навзодон; ҳамчунини дигар як маркази манобеъ барои омӯзиши доимӣ; ва рушди нақшаи таълимӣ ва барномаҳои сертификатсионӣ барои баланд бардоштани зарфияти маорифчиёни барои таҳсили барвақти кӯдак вуҷуд хоҳанд дошт.