Литсейи Оғохони ш. Хоруғ

Дар машғулиятҳои берун аз синфӣ, дар урдугоҳҳо ва маҳфилҳо, ба хонандагон дар рушди малакаҳои пешсафӣ, омӯзишӣ ва малакаҳои муҳим барои ҳаёт ва илова бар ҳисси масъулияти иҷтимоӣ дар соҳаҳои гуногун низ, ба монанди, рамзгузории компютерӣ ва технология, театр, рақс, варзиш, соҳибкорӣ, забони англисӣ, математика, воситаҳои ахбори омма ва худидоракунии донишҷӯён кӯмак расонда мешавад.

БАРНОМАИ ТАЪЛИМӢ

Таълим дар Литсейи Оғохон аз рӯи Барномаи миллии таълимии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони синфҳои 0 то 11 истифода бурда мешавад.

Барномаи таълимӣ бо се забони таълим, аз ҷумла бо забони англисӣ, русӣ ва тоҷикӣ, ки онро хонанда ҳангоми қабул шудан ба синфи 0 интихоб мекунанд, пешниҳод карда мешавад. Баҳри мусоидат дар омӯзиши забонҳои гуногун ба ғайр аз забони таълимӣ боз ду забони иловагӣ таълим дода мешаванд. Аз ҷумла, забони тоҷикӣ ҳатмист ва он таълим дода мешавад, ки ба ин васила дониш ва қадршиносии таъриху адабиёт ва мероси ғании кишвар тарбия дода мешавад.

Илова ба ин, дар барномаи таълимӣ диққати асосӣ ба равишҳое равона шудааст, ки малакаҳои ҷалбшавӣ ва тафаккури интиқодиро инкишоф медиҳанд, ки он ба рушди эҷодкорӣ ва қобилияти ҳалли мушкилот мусоидат менамоянд. Ба барномаи таълимии миллӣ инчунин стандартҳо ва малакаҳои мазмуни байналмиллалӣ дошта, аз ҷумла фанҳои ТИК (технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ) изофа карда шудаанд, то хатмкунандагон ба таври баробар бо донишҷӯёни дигар кишварҳои рақобатпазир омода карда шаванд.

Фанҳои зерин таълим дода мешаванд:

  • Забон ва адабиёти тоҷик
  • Забони англисӣ
  • Забони русӣ
  • Математика
  • Фанҳои табиӣ (физика, химия ва биология)
  • Технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ
  • Фанҳои иҷтимоӣ (ҷуғрофия, таърих ва ҳуқуқ)
  • Иқтисодиёт
  • Тарбияи ҷисмонӣ
  • Санъат
  • Тарҳрезӣ ва коркарди чӯб
  • Рӯзгордорӣ

Илова бар ин, роҳбарияти Литсей барномаи таълимиро тавассути гузаронидани дарсҳои иловагӣ, таъмини ҷой ва захираҳои босифат, аз қабили лабораторияҳои илмӣ ва компютерӣ ва Маркази захираҳои омӯзишӣ, ва инчунин синфҳои андозааш мусоид, ки ҳам барои омӯзиши мустақил ва ҳам барои омӯзиш дар гурӯҳҳои хурд ва инчунин барои андӯхтани малакаҳои тадқиқотӣ ва омӯзиши амиқтар мусоидат мекунанд, боз ҳам мукаммал мегардонад.

Берун аз мактаб, урдугоҳҳо ва маҳфилҳои назди Литсей ташкил шуда, ба донишҷӯён дар ташаккули малакаҳои сарварӣ, омӯзиш ва зиндагӣ, илова бар ҳисси масъулияти иҷтимоӣ дар соҳаҳои гуногун, ба монанди рамзгузории компютерӣ ва технология, театр, рақс, варзиш, тиҷорат, забони англисӣ, математика, Воситаҳои ахбори омма (ВАО) ва худидоракунии хонандагон кӯмак мерасонанд.

ФАЪОЛИЯТИ БЕРУНАЗСИНФӢ

Литсейи Оғохон аҳамияти таҳсилоти ҳамаҷонибае, ки фаъолияти берун аз синфиро дар бар мегирад, эътироф мекунад.

Барои гузаронидани маҳфилҳои (клубҳои) берун аз синфӣ муаллимон ва инчунин коршиносони ҷомеавӣ мусоидат менамоянд ва он бо мақсади ноил шудан ба ҳадафҳои пешсафӣ ва шаҳрвандии мувофиқ ба хусусиятҳои хатмкунандаи литсей ташкил карда мешаванд. Илова бар ин, маҳфилҳои литсейи Оғохон ба хонандагон имконият медиҳанд, ки малакаҳои зеринро биомӯзанд ва дар амал татбиқ намоянд:

  • Малакаҳо оид ба қарорқабулкунӣ
  • Малакаҳои муносибати байнишахсӣ
  • Хизматрасонии ҷамъиятӣ ва
  • Малакаҳои интиқодӣ ва баҳодиҳӣ

Литсейи Оғохон шумораи зиёди махфилҳоро пешниҳод мекунад, аз ҷумла:

  • Маҳфилҳои академӣ, аз қабили риёзӣ, компютер, илмҳои табиӣ ва дақиқ, забони русӣ, технологияи иттилоотӣ ва ҷуғрофия.
  • Маҳфилҳои фарҳангӣ, ба монанди санъати тасвирӣ ва мусиқӣ, шоҳмот ва касбу ҳунар.
  • Махфилҳои варзишӣ, аз намуди баскетбол ва таэквондо.
  • Маҳфилҳои иҷтимоӣ, ба монанди соҳибкорӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ.

ЯРМАРКАИ ИЛМҲО

Маълум аст, ки пешрафти ҳар як миллату ҷомеа ба навоварӣ ва ғояҳои нав вобаста аст, аз ин лиҳоз литсейи Оғохон ташаббус барои баланд бардоштани таваҷҷуҳ ба илм, пажӯҳишҳои илмӣ ва татбиқи он дар байни хонандагони ҷавони мактаб кӯшиш менамояд. Ҳар сол, литсейи Оғохон ярмаркаи илмҳоро ташкил менамояд, ки дар он зиёда аз 250 хонанда аз синфҳои 2 то 10 иштирок менамоянд ва зиёда аз 50 лоиҳаро оид ба фанҳои гуногун, аз ҷумла физика, химия, экология ва биология муаррифӣ менамоянд. Хонандагон бозёфтҳои илмии худро дар назди ҳакамон, ки аз намояндагони агентиҳои Шабакаи Рушди Оғохон, созмонҳои байналмилалӣ, инчунин намояндагони ҳукумат ва муассисаҳои таълимӣ иборатанд, нишон медиҳанд. Он хонандагоне, ки лоиҳаҳои ҷолибтарин ва илҳомбахш доранд, эътироф карда мукофотонида мешаванд.

УРДУГОҲИ ТОБИСТОНАИ ЛИТСЕЙИ ОҒОХОН

Урдугоҳи тобистонаи литсей бори нахуст соли 2006 дар шаҳри Хоруғи ВМКБ ташкил карда шуда буд. Ҳадафи асосии урдугоҳ ин кӯмак намудан ба иштирокчиён дар инкишофи малакаҳои пешсафӣ ва кори гурӯҳӣ мебошад. Ҳадафҳои дуюмдараҷа ин кӯмак намудан ба иштирокчиён дар омӯхтани гуногунандешагӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.

Иштирокчиён ҳам аз литсейи Оғохон ва ҳам аз муассисаҳои таълимоти миёнаи давлатии ш. Хоруғ интихоб карда мешаванд. То имрӯз дар урдугоҳ зиёда аз 1000 нафар хонанда иштирок намуда, зиёда аз 100 нафар аз машғулиятҳои фасилитаторҳои урдугоҳ баҳра бурданд. Урдугоҳ ҷавононро дар самти рушди мустақилият, афзоиши эътимод ва худшиносӣ ва инкишофи ҳисси мансубият ва масъулият дар назди ҷомеа дастгирӣ мекунад.

ФОРУМИ РУШДИ МУСОИДИ ҶАВОНОН

Ҳамасола беш аз 500 хонандаи синфҳои 8-11 дар ин форум иштирок карда, аз он баҳра мебаранд. Ҳадафи ин лоиҳа мустаҳкам кардани муносибатҳо ва ташаккули ҳисси бештари ҷомеа байни хонандагони шаҳри Хоруғ ва ба ин васила кам кардани ихтилоф ва муноқиша байни ҷавонон мебошад.

Барнома дар асоси он малакаҳои хонандагон, ки дар натиҷаи иштирок дар урдугоҳи тобистона инкишоф дода шудаанд, кор мебарад. Он барои пиёда сохтани лоиҳаҳои гуногуни хонандагон, ки барои инкишофи ҳисси дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шаҳри Хоруғ ва берун аз он равона шудаанд, мусоидат мекунад.

Хонандагон аз 11 муассисаи таълимии давлатии шаҳри Хоруғ барои муҳокима кардан ва фаҳмида гирифтани эҳтиёҷоти аъзоёни ҷомеаи худ ва маҳдудиятҳои мухталифи онҳо ҷамъ меоянд. Баъдан он ба лоиҳаҳои мактаби маҳаллӣ ё маҳаллаҳои гирду атроф табдил меёбад, ки тавассути он ҷавонон тарзи фаҳмонда додани эҳтиёҷот ва ҷалб намудани ҷонибҳои гуногуни манфиатдорро барои ҳалли мушкилоти мавҷуда меомӯзанд.

Баъдан онҳо малакаҳои пешсафиашонро такмил медиҳанд ва майлу рағбати худро нисбати ҷалби шаҳрвандӣ инкишоф медиҳанд. Ин бошад, дар навбати худ хонандагонро дар ҳалли мушкилот бештар қатъӣ ва эҷодкор буданро меомӯзонанд ва малакаҳои муҳими муносибати байни ҳамдигариро инкишоф медиҳанд.

ОЛИМПИАДАҲО

Литсейи Оғохон инчунин ба хонандагонаш имконият медиҳад, ки дар озмунҳои гуногуни миллӣ ва байналмилалӣ, ки ба ном олимпиадаҳо маълуманд, бомуваффақият иштирок кунанд. Аксарияти онҳо диққати худро ба дониш дар фанҳои муайян равона мекунанд. Роҳбарияти литсей боварӣ дорад, ки чунин имкониятҳо таҷрибаи академиро мустаҳкам менамояд, ҷаҳонбинии онҳоро васеъ мекунад ва истеъдоди шахсии онҳоро инкишоф медиҳанд. Хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои миллӣ ва байналмилалӣ натиҷаҳои аъло ба даст меоранд, дар соли охири хониш дар мактаби миёна сазовори мукофот мегарданд, баъзан дар шакли қабули бевосита ба ягон донишгоҳ ва/ё мукофотҳои молиявӣ, ки метавонанд онро барои таҳсил дар донишкадаҳои олӣ истифода баранд.

БАРНОМАҲОИ ТОБИСТОНА

Сарфи назар аз таътили тобистона, литсейи Оғохон (AKL) як маркази пур аз хонанда ва омӯзгор баҳри омӯзиш ва эҷод бо як қатор барномаҳои таълимии амалкунанда боқӣ мемонад.

Барномаҳо барои дигар хонандагон ҳам, ба ғайр аз онҳое, ки дар муассисаҳои таълимии Оғохони Тоҷикистон таҳсил мекунанд, кушодаанд ва ҷавононро аз саросари Хоруғ ва навоҳии атрофи он барои омӯзиши якҷоя даъват мекунанд. Дар якҷоягӣ, ин барномаҳо барои васеъ кардани тафаккури хонандагон ва такмил додани малакаҳои муайян дар омӯзиши забонҳо, риёзӣ, илмҳои табиӣ ва дақиқ равона карда шудаанд.


БАРНОМАИ ТОБИСТОНАИ ОМӮЗИШИИ ФАНҲОИ РИЁЗӢ ВА ЗАБОНИ АНГЛИСӢ
Ҳадафи барномаи тобистонаи омӯзиши забони англисӣ ва риёзӣ, ин омода кардани хонандагон барои истифодаи имкониятҳои таҳсилоти олӣ ва касбӣ мебошад. Хонандагон малакаҳои тафаккури интиқодии худро инкишоф медиҳанд ва бо адабиёти гуногун, аз ҷумла бо хондан ва мутолиаи романҳои «Иқбол»-и Франческо Адамо ва «Саробон»-и Дебора Эллис машғул мешаванд. Барои хонандагони синфҳои 9 ва 11 курси панҷҳафтаина барои такмили дониш дар омӯзиши забонҳо, ки онро ду донишҷӯ-ризокори соҳибихтисос мегузаронанд, пешниҳод карда мешавад.


БАРНОМАИ “БИЁЕД СӮҲБАТ КУНЕМ”, САТҲИ 1 ВА 2

Хонандагони синфҳои аз 3 то 8 имкон доранд, ки дар барномаҳои “Биёед сӯҳбат кунем” иштирок кунанд. Хонандагон тавассути ин барномаҳои ҷалбкунандаи омӯзиши забони англисӣ санъати муоширатӣ ва ҳунарнамоии худро такмил медиҳанд.

Барномаи “Биёед сӯҳбат кунем”, сатҳи 1 ва 2 барои ҷалби хонандагон ва такмил додани малакаҳои забони англисӣ аз усулҳои театрӣ ва педагогӣ бо иштироки бевоситаи худи хонандагон баргузор мегардад. Барои бисёрии хонандагон, барномаи "Биёед сӯҳбат кунем 1" аввалин шиносоии онҳо бо забони англисӣ аст ва ин оғози раванди илова кардани забони англисӣ ҳамчун забони сеюм ё ҳатто чаҳорум ба рӯихати забонҳои омӯзишии онҳо мебошад. Дар охири барномаҳои «Биёед сӯҳбат кунем» намоишҳои театрии оммавӣ аз ҷониби хонандагон аз рӯи китобҳое, ки онҳо якҷоя мутолиа намуданд, пешкаши омӯзгорон ва волидонашон мегарданд.


ЛАБОРАТОРИЯИ СОЗАНДА
Донишҷӯёни факултаи муҳандисии Донишгоҳи Стэнфорд Маркази захираҳои омӯзишии литсейи Оғохонро ба аввалин лабораторияи созанда ( Maker's Space ) дар минтақа табдил доданд. Онҳо барномасозиро дар гирди фанҳои табиӣ ва дақиқ, технология, муҳандисӣ, санъат ва риёзӣ (STEAM) ба амал оварда истодаанд, ки хонандагонро ба ҳалли мушкилот ва таҷриба намудан бо технологияҳои нав даъват мекунанд. Барои истифодабарии хонандагон асбобҳои электронӣ, ба наворгирӣ, технологияи воқеияти виртуалӣ, чопкунии 3-D ва дигар мафҳумҳо нишон дода мешаванд. Барномаи Maker's Space инчунин манбаи омӯзишӣ барои омӯзгорони литсейи Оғохони ш. Хоруғи Тоҷикистон ва мактаби Оғохони ш. Оши Қирғизистон хизмат мекунад, ки онҳо барои идома додани барнома дар давоми соли хониш вазифадор карда мешаванд.