Литсейи Оғохони ш. Хоруғ

Бо мо тамос гиред

ХАДАМОТИ ОҒОХОН ОИД БА МАОРИФ
Кӯчаи Мирзонаботов Худоназар, 18/1
шаҳри Хоруғ, ВМКБ, Точикистон 736000
ТОЧИКИСТОН
Телефон: (+992) 8 3522 2 1271
[ ба почтаи электронӣ нависед ]

ЛИТСЕЙИ ОҒОХОН, ШАҲРИ ХОРУҒ
Кӯчаи Мирзонаботов Худоназар, 18
ш. Хоруг, ВМКБ, Точикистон 736000
ТОЧИКИСТОН
Телефон: (+992) 8 3522 2 1271

ИНШООТХО

Литсейи Оғохон дар масоҳати 7264,19 метри мураббаъ ҷойгир аст ва дорои 14 кабинету лабораторияҳои фаннӣ ва 36 синфхон, аз ҷумла:

  • Ду лабораторияи компютерӣ бо 54 компютер
  • Маркази захираҳои таълимӣ (LRC)
  • Ошхона барои 200 ҷойи нишаст
  • Толори варзиш бо майдони баскетбол ва волейболи ба стандартҳои байналмиллалӣ ҷавобгӯ буда

ЛАБОРАТОРИЯҲОИ КОМПЮТЕРӢ

Тамоми компютерҳои литсей тавассути шабакаи интернет пайвастаанд. Ин шабака ба кормандон, донишҷӯён ва маъмурият имконият медиҳад, ки аз ҷои кории худ интернетро дастрас намоянд. Ба наздикӣ, дар атрофи мактаб роутерҳои Wi-Fi пайваст карда шудаанд, ки ба муаллимон, маъмурият ва роҳбарият ҳангоми ҳаракат дар атрофи бино дастрасии доимиро ба интернет таъмин менамоянд.

Маркази захираҳои таълимӣ

Маркази захираҳои таълимӣ зиёда аз 36,000 китобу маҷмуа дорад ва барои мукаммалтар кардани таълим дар синфхонаҳо тавассути таъмини ҷойҳои махсус, аз қабили ҷой барои омӯзиши мустақил ва тадқиқот, ҷои фароғатӣ барои хондани китобу маводҳои гуногун, толори намоишҳои аудио/визуалӣ ва ҷои бароҳат барои гузаронидани вохӯриҳои гурӯҳии хонандагон пешбинӣ шудааст.

Маркази захираҳо мунтазам бо мавод ва мебели нав таҷҳизонида мешавад. Ба наздикӣ кормандони маркази захиравӣ кӯшиш карданд, ки барои корҳои эҷодии лабораторияи созанда, ки ба инкишофи таҷрибаи амалии тарҳрезӣ ва сохтмонӣ, аз ҷумла амалӣ намудани лоиҳаҳо бо чопи 3-D, робототехника, барномаҳои электронӣ ва истифодаи ашёи хоми коркардшуда мусоидат намоянд.

Мақсад аз ташкил намудани ҷои эҷодкорӣ дар сатҳи маркази захиравии литсейи Оғохон аз он иборат аст, ки он ҳамчун маркази омӯзишӣ, тадқиқот, навоварӣ ва оғози ҷорӣ намудани истифодаи технологияи асри XXI дар раванди таълим ва омӯзиш дар литсей табдил ёбад.

Маркази захираҳо инчунин рӯзҳои шанбе барои аҳли ҷомеа боз аст, ки тавассути он мардум метавонанд омада, китобҳоро дар марказ мутолиа кунанд ё ин ки ба хона гирифта бурда хонанд.

САВОЛҲОЕ, КИ АКСАРАН ДОДА МЕШАВАНД

Савол: Оё литсейи Оғохон мактаби динӣ аст?

Ҷавоб: Не. Феълан, мактаб ғайримазҳабӣ аст. Кӯдакон бо ақидаҳои гуногуни динӣ ва аз миллатҳои гуногун қабул карда мешаванд. Хонандагон фаққат аз рӯи кобилият ва дониш қабул карда мешаванд.

Савол: Барои чӣ дар литсейи Оғохон таҳсил кардан лозим аст?

Ҷавоб: Мактаб на танҳо шароити муосир ва таҷҳизоти замонавиро таъмин мекунад, балки инчунин омӯзиши ба хонанда нигаронидашуда мусоидат мекунад, ки хонандагонро ба талаботи фаъолият ва ҳаёти ҳозиразамон омода мекунад.

Савол: Пас аз бомуваффақият хатм кардани таҳсил ханандагони шумо ба куҷо мераванд?

Ҷавоб: Хатмкунандагони мо маъмулан дар донишгоҳҳо, аз ҷумла дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (кампусҳо дар шаҳри Хоруғ ва Норин), Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва инчунин дар Донишгоҳҳо ва Коллеҷҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Аврупо, Осиё ва ИМА таҳсилро идома медиҳанд.

Савол: Оё шумо ба хонандагон китобҳои дарсӣ таъмин мекунед?

Ҷавоб: Бале, литсей дар давоми соли хониш ба хонандагон тамоми китобҳои дарсӣ ва захираҳои таълимиро таъмин мекунад.

Савол: Оё шумо воситаҳои нақлиётро таъмин мекунед?

Ҷавоб: не, нақлиёти махсуси мактабӣ вуҷуд надорад. Барои ташкили нақлиёт барои фарзандон падару модарон/парасторон масъуланд.

Савол: Оё шумо оид ба таъмини хӯрок хизмат мерасонед?

Ҷавоб: Бале, назди мактаб ошхона мавҷуд аст, ки дар он ҷо хӯроки гарм ва дар кафетерия хӯришҳоии сабук таъмин карда мешавад.

Савол: Оё шумо пансионат/хобгоҳ доред?

Ҷавоб: Не, литсей пансионат/хобгоҳ таъмин намекунад.

Савол: Агар мо барои пардохти маблағи мактабии фарзандамон шароит надошта бошем, чи мешавад?

Ҷавоб: Кӯмаки молиявӣ дастрас аст ва дар асоси эҳтиёҷот ва ба он арзанда будан дода мешавад. Волидайни ин оилаҳо бояд бо директор вохӯранд.

Савол: Оё мактаб алоқаи интернет дорад?

Ҷавоб: Бале, хонандагон, омӯзгорон ва кормандон метавонанд дар лабораторияҳои компютерӣ ва Маркази захираҳои таълимӣ Интернетро дастрас намоянд.

Савол: Оё дарсҳо рӯзҳои шанбе ҳам гузаронида мешаванд?

Ҷавоб: Рӯзҳои шанбе дар ҳамаи синфҳо, ба ғайр аз синфҳои ибтидоӣ, дарс гузаронда мешавад.

Савол: Фарқи байни ин мактаби хусусӣ аз дигар мактабҳои давлатӣ дар чист?

Ҷавоб: литсей барномаҳои таълимии миллиро тавассути дохил кардани забонҳои иловагӣ ва маводҳои мукаммали фанҳои риёзӣ, илмҳои табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва санъати тасвирӣ ғанӣ мегардонад. Синфҳои забономӯзӣ ва компютерӣ ба ду гурӯҳи хурдтар бо захоири мувофиқ ба ин фанҳо ҷудо карда шуда, тақсим карда мешаванд. Барои таълими баъзе фанҳо назар ба мактабҳои давлатӣ вақти зиёдтар ҷудо карда мешавад. Литсей инчунин барномаҳои гуногуни мукаммалро тавассути маҳфилҳои факултативӣ пешниҳод менамояд.